23.10.2020
: 1239
Тибқи муқаррароти Кодекси ҷаҳонии зидди допинг-2021 Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Қоидаҳои зидди допинги Кумитаро қабул мекунад.
Ин масъала имрӯз дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон баррасӣ шуд. Қайд гардид, дар бисёр кишварҳо ташкилоти миллии зидди допинг мавҷуданд, ки дар ин самт фаъолият мекунанд. Дар кишварҳое, ки феълан ташкилоти миллии зидди допинг амал намекунад, уҳдадориҳояшро муваққатан Кумитаи миллии олимпӣ иҷро хоҳад кард.
Таъкид шуд, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №1132 аз 11 августи соли 2011 дар бораи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи байналмилалӣ оид ба мубориза бо допинг дар варзиш ва Хартияи олимпӣ, Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди муҳими системами Ҳаракати олимпӣ уҳдадор гадидааст, муқаррароти Хартия олимпӣ, Кодекси ҷаҳонии зидди допинг, қарорҳои Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Агентии ҷаҳонии зидди допинг (ВАДА)-ро риоя намояд.
Қоидаҳои зидди допинги Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агенти ҷаҳонии зидди допинг ва дафтари Агентии минтақавии зидди допинг дар Осиёи Марказӣ таҳия шудааст. Дар асоси он Кумитаи миллии олимпӣ аз соли оянда уҳдадор мешавад, ки ҳар сол камаш 5 варзишгари сатҳи олиро аз ташхис гузаронад ва барои пешгирӣ аз қоидавайронкунии допинг фаъолиятҳои омӯзиширо пеш барад. Ҳамчунин, таъкид шуд, ки федератсияҳои миллии варзишӣ низ вазифадор мешаванд, ки дар асоси Кодекси ҷаҳонии зидди допинг ва Қоидаҳои зидди допинги Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон қоидаҳои зидди допинги дохили федератсияро таҳия ва тасдиқ кунанд.
Пас аз баррасӣ Қоидаҳои зидди допинги Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон барои тасдиқ ба ҷаласаи Ассамблеяи генералии Кумита пешниҳод шуд.
Аъзои Кумитаи иҷроия масъалаҳои дигари фаъолияти Кумитаи миллии олимпиро муҳокима карда, қарорҳои дахлдор қабул намуданд.