21.10.2020
: 987
Бо пирӯзии дастаи Академияи Федератсияи футболи Тоҷикистон - “Орзӯ-2026” марҳилаи финалии лигаи ҷавонони Тоҷикистон (U-18) ба анҷом расид.
Аз 18 то 20 октябр дар Академияи футболи ФФТ, воқеъ дар маҳаллаи Алмосии шаҳри Ҳисор, марҳилаи финалии Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни ҷавонони то 18-сола доир гашт. Дар ин марҳила чор дастаи беҳтарини марҳилаи аввал ширкат карданд – “Орзӯ-2026” (Академияи ФФТ), “Ашт” (Ашт), “Равшан” (Кӯлоб) ва ММВЗО (Душанбе).
Дар асоси низомномаи чемпионат марҳилаи финалӣ тибқи системаи даврӣ дар як давра доир гардид. Холҳои дастаҳо, ки дар марҳилаи аввал ба даст оварда буданд, дар марҳилаи финалӣ ба ҳисоб гирифта шуд.
Дар қисмати ниҳоии чемпионат шогирдони Академияи ФФТ бар дастаҳои “Ашт” (5:0), ММВЗО (6:1) ва “Равшан” (3:1) ғалаба карда, медалҳои тиллоро ба даст оварданд. Умуман, аз аввали мавсим шогирдони Рустам Қурбонов 19 бозӣ анҷом дода, дар 18 бозӣ пирӯз шуданд, танҳо як бозиро мусовӣ карданд ва 55 хол ба даст оварданд.
Медалҳои нуқра насиби футболбозони ҷавони “Ашт” гардид, ки 37 хол ҷамъ оварданд. "Равшан” соҳиби медалҳои биринҷӣ шуд (36 хол).
Маросими ҷоизасупорӣ ва ҷамъбасти Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни ҷавонони то 18-сола дар Академияи ФФТ дар Ҳисор баргузор шуд. Кумитаи тадорукоти чемпионат беҳтарин бозингаронро муайян кард – Алиҷон Алиаҳмадов (“Равшан”), Умед Муратов (ММВЗО), Сарвар Шодмонов (“Ашт”) ва Фатҳулло Олимзода (“Орзӯ-2026”). Ҷоизаи беҳтарин мураббӣ ба Рустам Қурбонов (“Орзӯ-2026”) тақдим шуд. Абдулло Шарипов (МҶМОВ/ММВЗО), ки ба дарвозаи ҳарифон 31 тӯб ворид кард, беҳтарин нишонзан, Кароматулло Боронов (“Орзӯ-2026”) беҳтарин бозингари чемпионат эълон гардиданд.