15.10.2020
: 902
Марҳилаи финали Чемпионати Осиё оид ба футзал, ки бояд аз 2 то 13 декабри имсол дар Кувейт доир мегашт, ба соли оянда гузаронида шуд.
Конфедератсияи футболи Осиё имрӯз – 15 октябр – федератсияҳои миллии футболро ҷиҳати ба соли дигар гузаронидани марҳилаи финали Чемпионати Осиё оид ба футзал огоҳ кард.
“Бо дарназардошти афзоиши гирифторони Covid-19 дар Кувейт ва бо мақсади ҳифзи саломатии дастаҳои иштирокчӣ ва ҷонибҳои манфиатдор, КФО пас аз баррасии масъала бо ҳама ҷонибҳои дахлдор ба қарор омад, ки Чемпионати Осиё оид ба футзалро то моҳҳои март-апрели соли 2021 ба таъхир гузорад”, - омадааст дар мактуби расмии КФО.
Ёдовар мешавем, ки дар 16-ум Чемпионати Осиё оид ба футзал мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи “А” бо дастаҳои Туркманистон, Ветнам ва Уммон бозӣ мекунад.