Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Бо дастури Пешвои миллат ягона мактаб-интернати варзишӣ таъмир шуд

Бо дастури Пешвои миллат ягона мактаб-интернати варзишӣ таъмир шуд Бо дастури Пешвои миллат ягона мактаб-интернати варзишӣ таъмир шуд Бо дастури Пешвои миллат ягона мактаб-интернати варзишӣ таъмир шуд Бо дастури Пешвои миллат ягона мактаб-интернати варзишӣ таъмир шуд Бо дастури Пешвои миллат ягона мактаб-интернати варзишӣ таъмир шуд

15.10.2020

: 1148

Бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Муассисаи давлатии таҳсилоти “Мактаб-интернати тамоюли варзишии ба номи Иброҳим Ҳасанов” таъмир шуд.

Дар маросими ифтитоҳи бино баъд аз навсозӣ, ки 15 октябр сурат гирифт, котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Муҳаммадшо, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Назарзода Ризо ва дигар масъулони соҳа ширкат намуданд. Қайд гардид, ки мактаб-интернати варзишӣ беҳтарин чеҳраҳои варзишии кишварро тарбия намудааст. Хусусан чемпиони Бозиҳои олимпӣ Дилшод Назаров, ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ Расул Боқиев ва Мавзуна Чориева дастпарварони ҳамин мактаб-интернат ҳастанд. Инчунин, шогирдони ин даргоҳ дар чемпионатҳои ҷумҳурӣ оид ба намудҳои гуногуни варзиш миёни наврасон ҳамеша пешсафанд.
Дар доираи корҳои таъмирӣ толорҳои варзишӣ барои намудҳои гӯштини миллӣ, гӯштини юнонӣ-римӣ, ҷудо, бокс, самбо, ҳаммом, утоқҳои кории мураббиён, ошхона, боми бино, намои берунаи бино азнавсозӣ шуд.
Иқдоми мазкур идомаи сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат дар самти бунёду азнавсозии иншооти варзишӣ, дастгирии варзишгарон ва сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мебошад. Бо ҳидояту роҳнамоии Роҳбари давлат чанд соли охир дар ҳудуди ҷумҳурӣ ба хотири ба варзиш ҷалб кардани насли наврасу ҷавон даҳҳо иншооти варзишӣ сохта ба истифода дода шуданд. Аз ҷумла дар шаҳри Душанбе бо ҳидоятҳои Пешвои миллат ва роҳбарии Раиси шаҳр, муҳтарам Рустами Эмомалӣ се соли охир садҳо иншооти варзишии хурду бузург бунёд шуда, пойтахти кишвари маҳбубамон имрӯзҳо ба шаҳри варзишӣ, макони чорабиниҳои бузурги варзишии сатҳи байналмилалӣ табдил ёфтааст. Бунёди маҷмааи муҳташами варзишии “Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обӣ”, беш аз 200 майдончаи варзишӣ дар назди биноҳои истиқоматӣ, чандин толори варзишии дигар, инчунин ҷараёни сохтмони варзишгоҳ бо 30000 ҷои нишаст гувоҳи гуфтаҳои болост.
Таъмири мактаб-интернат натиҷаи ҳамкориҳои судманди Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо Кумитаи байналмилалии олимпӣ мебошад. Соли 2015 президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ, ҷаноби Томас Бах ба Тоҷикистон ташриф оварда, бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқот анҷом доданд. Зимни мулоқот, аз ҷумла сохтани иншооти варзишӣ дар минтақаҳои Тоҷикистон мувофиқа шуда буд.
Ҷиҳати иҷрои бандҳои протоколи мулоқот роҳбарияти Кумита бо ҷаноби Томас Бах ва масъулони Кумитаи байналмилалии олимпӣ корбарӣ намуда, дар ҷумҳурӣ чандин иншооти варзишӣ сохтанд ва мактабҳои варзиширо бо лавозимоти соҳавӣ таъмин карданд. Дар доираи ҳамкориҳо моҳи октябри соли 2019 Кумитаи байналмилалии олимпӣ лоиҳаро барои таъмири иншооти варзишӣ дар доираи сад ҳазор доллари америкоӣ тасдиқ намуд ва бо дастури Пешвои муаззами миллат он ҷиҳати таъмир ва фароҳам овардани шароит барои дастпарварони ягона мактаб-интернати варзишӣ дар ҷумҳурӣ, воқеъ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе равона гардид.
Мактаб-интернати варзишӣ соли 1972 ташкил ёфтааст ва имрӯз дар он 350 наврас аз тамоми ҷумҳурӣ ба таълиму тамрин фаро гирифта шудаанд. Толорҳои варзишии муассиса чанд соли охир шароити мувофиқи тамрин надоштанд ва таъмирталаб буданд.
Корҳои таъмирӣ дар сатҳи баланд ва мувофиқ ба стандартҳои муосири сохтмонӣ анҷом ёфт. Акнун барои таълимгирандагони мактаб-интернат шароити созгори машқу таълим фароҳам оварда шуд.
Таълимгирандагон ва устодони мактаб-интернат ба Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳу ғамхориҳояшон нисбат ба соҳаи варзиш ва варзишгарон изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.