Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Финали Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол 18 октябр баргузор мешавад

12.10.2020

: 810

Бозии финали Ҷоми Тоҷикистон-2020 миёни ду дастаи вилояти Хатлон – “Равшан”-и Кӯлоб ва “Хатлон”-и Бохтар 18-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор мешавад.

Дар роҳ ба финал “Равшан” бар дастаҳои “Ҳулбук” (3:2), «Панҷшер» (3:2), «Истиқлол» (4:2) ва «Регар-ТадАЗ» (1:0) ғалаба кард. «Хатлон»и Бохтар бошад, аз тимҳои «Файзканд» (2:1), «Эсхата» (1:0) ва «Истаравшан» (2:0) пурзуртар буд.
Қаблан «Равшан» (соли 2003 номи «Олимп-Ансол»-ро дошт) се маротиба дар финали Ҷоми Тоҷикистон бозӣ карда, танҳо як маротиба – соли 1994 – бар тими «Шодмон»-и Ҳисор ғалаба карда (2:1), соҳиби ҷом шудааст.
«Хатлон» дар таърихи мавҷудияташ (қаблан даста «Вахш» ном дошт) чор маротиба ба финали Ҷоми Тоҷикистон баромада, ду бор - солҳои 1997 ва 2003 баранда шудааст.
Ёдовар мешавем, ки дастаҳо 17 сол пеш – соли 2003 дар финали Ҷоми Тоҷикистон вохурда буданд.

Ҷоми Тоҷикистон-2020
Финал
18 октябр (якшанбе)
Оғоз – соати 14:00
«Равшан» (Кӯлоб) – «Хатлон» (Бохтар)
Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

Ҳамаи бозиҳои финали Ҷоми Тоҷикистон (1992-2020):
1992: «Помир» (Душанбе) – «Регар» (Турсунзода) – 1:0
1993: «Ситора» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) – 0:0. Пеналтӣ – 5:3
1994: «Равшан» (Кӯлоб) – «Шодмон» (Ҳисор) – 2:1
1995: «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Пеналтӣ – 3:2
1996/1997: «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 4:0
1997/1998: «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Ранҷбар» (Восеъ) – 2:1
1998: «Варзоб» (Душанбе) – «Хуҷа Каримов» (Ғозималик) – 3:1
1999: «Варзоб» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Пеналтӣ – 4:2
2000/2001: «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Варзоб» (Душанбе) – 4:2
2001/2002: «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:1
2002: «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 3:0
2003: «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Олимп-Ансол» (Кӯлоб) – 3:1
2004: «Авиатор» (Бобоҷон Ғафуров) – «Уротеппа» (Истаравшан) – 5:0
2005: «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 1:1. Пеналтӣ – 3:1
2006: «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «ХИМА» (Душанбе) – 2:1
2007: «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) – «ХИМА” (Душанбе) – 1:0
2008: «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Энергетик» (Душанбе) – 2:1
2009: «Истиқлол» (Душанбе) – КМВА «Помир» (Душанбе) – 3:1
2010: «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 5:0
2011: «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:1
2012: «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:1. Пеналтӣ – 5:6
2013: «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:0
2014: «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 5:2
2015: «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:2. Пеналтӣ – 6:5
2016: «Истиқлол» (Душанбе) – «Ҳосилот» (Фархор) – 2:2. Пеналтӣ – 3:2
2017: «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 0:2
2018: «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0
2019: «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:2. Пеналтӣ – 4:2
2020: «Равшан» (Кӯлоб) – «Хатлон» (Бохтар) – ?