Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Панҷ голи Илҳом Баротов ба дарвозаи “Файзканд”

30.09.2020

: 811

29 сентябр дар даври мавқуфмондаи 15-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ дастаи “Истаравшан” бар тими “Файзканд”-и Восеъ ғалаба кард – 5:2.

Ҳар панҷ голро дар ҳайати “Истаравшан” капитани даста Илҳом Баротов зад ва аввалин пента-трикро дар ин мавсим иҷро кард.
Пас аз ғалаба бар “Файзканд” “Истаравшан” дар ҷадвали чемпионат ба ҷои 7-ум баромад.
4 бозии дигари даври 15-ум имрӯз – 30 сентябр – баргузор мешавад. «Регар-ТадАЗ» дар майдони худ – “ТАЛКО Арена” дастаи «Хуҷанд»-ро қабул мекунад. “Истиқлол” ба меҳмонии “Куктош” меравад. “Хатлон” дар Варзишгоҳи “Пахтакор”-и Бохтар бо “Локомотив-Помир” нерӯ месанҷад. Дар Душанбе дастаҳои КМВА ва “Душанбе-83” вомехуранд.