Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Лигаи касбии футзал: пирӯзии “Соро компания” бар “Муҳоҷир”

29.09.2020

: 887

Дастаи футзали “Соро компания” дар аввалин силсилабозиҳои даври нимфинали лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2020 тими “Муҳоҷир”-ро бо ҳисоби 5:4 мағлуб намуд.

Дар ҳайати тими ғолиб Умед Кузиев се гол зад. Насим Шарипов ва Комрон Алиев якголӣ ба номашон сабт карданд. Дар ҳайати дастаи “Муҳоҷир” бошад, Хуршеди Зайниддин ва Самандар Ризомов дутӯбӣ ба ҳадаф расонданд.
Бозии дуюми дастаҳо 1 октябр дар маҷмааи варзишии Кумитаи андоз баргузор мешавад.
Имрӯз, 29 сентябр, дар Хуҷанд дар аввалин силсилабозиҳои ҷуфти дигари нимфинали лигаи футзали кишвар “Сипар” дастаи “Истаравшан”-ро қабул мекунад.