Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

«Хуҷанд» – барандаи медали нуқраи Чемпионати Тоҷикистон-2020

28.09.2020

: 936

26-27 сентябр бозиҳои даври ҳабдаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд.

Дар бозии марказии давр дастаи “Хуҷанд” дар меҳмонӣ тими “Хатлон”-ро бо ҳисоби 3:2 мағлуб намуда, пеш аз ду давр то анҷоми чемпионат сазовори медалҳои нуқра гардида, ҷояшро дар Ҷоми КФО-2021 таъмин кард. Ҳисоби бозиро дар дақиқаи сеюм Дилшод Бозоров кушод. Фатҳулло Фатҳуллоев дар дақиқаи 12, Ҷаҳонгир Эргашев дар дақиқаи 32-юм ду тӯби дигар ба дарвозаи ҳариф ворид карданд. Дар нимаи дуюм бохтариҳо ташаббус ба даст гирифтанд, вале ба задани ду гол даст ёфтанд - Умарҷон Шарипов дар дақиқаи 64, Парвиз Боқӣ-Охунов дар дақиқаи 90+2.
Бозӣ миёни дастаҳои “Куктош” – “Истаравшан” мусовӣ – 2:2 хотима ёфт. Голҳои дастаи ноҳияи Рӯдакиро Муҳсинҷон Абдуғаффоров, Мбаке Диеудонӣ, голҳои “Истаравшан”-ро Отабек Каримов ва Азизҷон Шамсиев ба ҳадаф расониданд.
Дар бозии дигар “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода дар майдони худ бар тими “Файзканд”-и Восеъ бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад. Се холро ба дасти шаҳри Турсунзода ҳимоятгар Доробҷон Эргашев овард.
“Душанбе-83” бар тими “Локомотив-Помир” бо ҳисоби 1:0 ғалаба карда, ҷояшро дар лигаи олӣ ҳифз намуд. Голи ягонаро бозингари “Локомотив-Помир” Исроил Холов ба дарвозаи дастааш зад.
Ниҳоят, “Истиқлол”, ки унвони чемпиониро аллакай гирифтааст, аввалин бохтро дар чемпионати мамлакат аз дастаи КМВА чашид – 1:0. Ягона голро Мунир Давлатбеков дар дақиқаи 40-ум ба номаш сабт кард.
Ҳамин тариқ, то анҷоми 29-ум Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ ду даври дигар боқӣ монд. Дар даври 15-ум, ки 29-30 сентябр баргузор мешавад, «Истаравшан» бо «Файзканд», «Регар-ТадАЗ» бо «Хуҷанд», «Куктош» бо «Истиқлол», «Хатлон» бо «Локомотив-Помир» ва КМВА бо «Душанбе-83» вомехуранд. Бозиҳои даври ҷамъбастӣ – 18-ум - 4 октябр ба нақша гирифта шудааст. Дар ин давр «Файзканд» бо «Локомотив-Помир», «Душанбе-83» бо «Истиқлол», «Хуҷанд» бо КМВА, «Истаравшан» бо «Хатлон», «Регар-ТадАЗ» бо «Куктош» бозӣ хоҳанд кард.

   ДАСТАҲО                                         Б          Ғ          М          Б           Т-Т                  Х       
 1     "Истиқлол" (Душанбе)  16  13  2  1  58-9  41
 2  "Хуҷанд" (Хуҷанд)  16  10  2  4  27-20  32
 3  "Куктош" (Рӯдакӣ)  16  6  6  4  25-21  24
 4  "Хатлон" (Бохтар)  16  6  6  4  26-23  24
 5  КМВА ВМҶТ (Душанбе)  16  6  5  5  24-23  23
 6  "Душанбе-83" (Душанбе)  16  5  5  6  18-24  20
 7  "Файзканд" (Восеъ)  16  3  7  6  14-26  16
 8  "Локомотив-Помир" (Душанбе)  16  3  4  9  14-25  13
 9  "Истаравшан" (Истаравшан)  16  3  4  9  23-35  13
 10  "Регар-ТадАЗ" (Турсунзода)  16  3  3  10  18-41  12