Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

UWW чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон (U-23)-ро барҳам дод

17.09.2020

: 853

Тибқи қарори кумитаи иҷроияи Иттиҳоди ҷаҳонии гуштин (UWW) Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонони то 23-сола барҳам дода шуд.

Қарор дар пасманзари идомаи пандемияи COVID-19 дар ҷаҳон, ки ба маҳдудиятҳо ҷиҳати сафар ва ҳифзи саломатии иштирокчиён қабул шуд.
Мусобиқа 23-29 ноябр дар Тампере (Финландия) ба нақша гирифта шуда буд. Қаблан UWW аз баргузории ҳамаи мусобиқаҳо дар моҳҳои сентябр-октябр даст кашида буд.
Кумитаи иҷроияи UWW, ҳамчунин иҷозат дод, ки феълан дигар мусобиқаҳо, ки моҳҳои ноябр ва декабр ба нақша гирифта шудаанд, бетағйир монда шаванд. Вале ташкилкунандагон бояд шароитҳои ҳифзи саломатӣ ва бехатарии ҳамаи иштирокчиёнро таъмин намоянд. Аз ҷумла риояи фосилаи иҷтимоӣ ва безарар кардани дастон.
Интизор меравад Чемпионати ҷаҳон оид ба гуштин миёни калонсолон дар соли 2020 дар пойтахти Сербия аз 12 то 20 декабр доир карда шавад.