Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Дар кумиҷроияи КБО чӣ гузашт?

12.09.2020

: 905

Кумитаи иҷроияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ зимни ҷаласаи онлайнӣ омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Токио ва Бозиҳои олимпии зимистонаи Пекин-2022-ро баррасӣ намуд. Ҳамчунин, КБО барномаи нави омӯзиширо ҷиҳати омода кардани кормандони бехатарӣ дар варзиш эълон кард.

Роҳбари комиссияи ҳамоҳангсози КБО оид ба омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Токио Ҷон Коутс доир ба лоиҳаҳое, ки чанд вақти охир амалӣ шуданд, гузориш дод, аз ҷумла оид ба коркарди роҳҳои мубориза бо коронавирус ва хароҷоти иловагии алоқаманд ба таҳвили Бозиҳои олимпӣ ба тобистони соли оянда.
Ба гуфтаи Коутс, корҳо оид ба мубориза бо COVID-19 то маросими кушодашавии бозиҳо ҷараён мегирад, вале натиҷагирии аввалия аллакай охири соли 2020 анҷом дода хоҳад шуд. Масъала бори дигар 24-25 сентябр зимни ҷаласаи навбатии комиссияи ҳамоҳангсоз бо иштироки намояндагони кумитаи тадорукоти “Токио-2020”, ҳукумати Ҷопон, шаҳрдорӣ ва Кумитаи олимпии Ҷопон баррасӣ мегардад.

- Мо таваҷҷуҳамонро ба баргузории бозиҳои бехатар ва муваффақ равона кардаем, - иброз намуд президенти КБО Томас Бах. – Дар ҳафтаҳои наздик сенарияҳои гуногуни муқобила бо COVID-19-ро баҳс хоҳем кард. Дар муҳокимаи масъала комиссияи ҳамонҳангсози КБО, гуруӯҳи кории омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Токио ва ҳамкорони ҷопониамон иштирок мекунанд. Тағйир ёфтани вазъияти ҷаҳон ҳар рӯз дар банақшагирии чорабиниҳо таъсири манфӣ мерасонад. Мо бояд ба ҳар сенария омода бошем. Мушкил аст гуфтан, ки вазъи ҷаҳон баъд аз як сол чӣ гуна мешавад. Яке аз масъалаҳое, ки мо муҳокима менамоем, роияи фосилаи иҷтимоӣ мебошад. Ҳамчунин, имконияти аз ташхис гузаштани варзишгарон омухта мешавад. Феълан танҳо як чизро метавонем эълон кунем, ки Бозиҳои олимпӣ барои ҳамаи иштирокчиён бехатар хоҳад буд.
Зимни гузориш роҳбари комиссияи ҳамонҳангсози КБО оид ба Бозиҳои олимпии зимистонаи Пекин-2022 Ҷуан Антонио Самаранч ба фаъолияти кумитаи тадорукоти бозиҳо, ҳукумати Чин ва КБО баҳои баланд дод. Ба гуфтаи ӯ чунин тарзи кор барои зуд ва босифат сохтани иншоот, рушди касбияти кормандони кумитаи тадорукот ва ҷалби сарпарастон кӯмак мекунад.
Ба ғайр аз ин ҷониби Чин тамоми чораҳоро амалӣ карда истодааст, ки пандемияи COVID-19 ба корҳои омодагӣ ва баргузории бозиҳо халал нарасонад. Як қатор чораҳои муқобила бо коронавирус дар мусобиқаҳои озмоишӣ, ки зимистони оянда ба нақша гирифта шудаанд, таҷриба мешаванд.
Дар доираи чораҳо оид ба таъмини бехатарӣ ва зиндагии хуши варзишгарон кумитаи иҷроияи КБО барномаи нави омӯзиширо ҷиҳати омода кардани кормандони бехатарӣ дар варзиш эълон кард. Аввалин курси омӯзишии панҷмоҳа сентябри соли 2021 шуруъ мешавад ва шунавандагон имтиҳон супорида, соҳиби сертификати “мутахассиси ҳомии варзишгарон” мегарданд.
- Бехатарӣ ва некуаҳволии варзишгарон барои ҳаракати олимпӣ дар мадди аввал меистад, - гуфт Томас Бах. – КБО тамоми имкониятҳоро барои ҳифзи ҳуқуқи онҳо равона кардааст. Имрӯз мо барномаи омӯзиширо эълон намудем, ки мақсад аз он баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва мубориза бо ҳар гуна таъқиб ва сӯистифода дар варзиш аст.
Аз моҳи октябри соли 2020 сар карда барои кумитаҳои миллии олимпӣ 11 вебинар ба нақша гирифта шудааст, ки ба ҳалли мушкилоте нигаронида шудааст, ки кумитаҳои миллии олимпӣ дар самти ҳуқуқи варзишгарон дучор омадаанд.