Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Шаҳрдори Токио гуфт Бозиҳои олимпӣ бо ҳар қимате баргузор мешавад

10.09.2020

: 3516

Шаҳрдори Токио Юрико Койке бори дигар таъкид кард, ки бо вуҷуди пандемияи COVID-19 Бозиҳои олимпии Токио дар соли 2021 дар ҳар шароите бояд баргузор шавад.

Бо сабаби авҷи бемории ҳамагири COVID-19 моҳи марти имсол Бозиҳои олимпии Токио-2020 як сол ба таъхир андохта шуд.
Андешаҳои шардори Токиоро “Kyodo News” пас аз он нашр кард, ки ноиби президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Ҷонс Коутс дар мусобиба бо “Франс Пресс” гуфт, бозиҳо соли 2021 баргузор мешавад “бо COVID ё бе он”.
Вазири Бозиҳои олимпии Ҷопон Сейко Ҳашимото низ изҳор намуд, ки Токио-2020 соли оянда бо ҳар қимате бояд доир гардад ва омодагии варзишгаронро ангезаи он донист.

“Варзишгарон бинобар як соли таъхир, бо дарназардошти ҳолати ҷисмонии онҳо ва ҳадафи онҳо, ки тобистони имсол ба нақша гирифта шуда буд, мушкилоти зиёдро мегузаронанд. Мо ҳатман бозиҳоро тобистони оянда бояд баргузор кунем”.
Койке гурӯҳи мақсаднокро ҷиҳати муқобила бо коронавирус барои таъмини баргузории Бозиҳои олимпӣ таъсис дод. Ин гурӯҳ сенария ва чораҳоеро, ки имкон медиҳанд бозиҳо доир шавад, баҳогузорӣ хоҳанд кард.