Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Дар Рашт мусобиқаи ҷумҳуриявии бандкашӣ доир шуд

07.09.2020

: 837

6 сентябр дар доираи Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ дар ноҳияи Рашт мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба бандкашӣ сурат гирифт.

Ба иттилои Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, дар мусобиқа беш аз 50 варзишгар дар ҳайати 5 даста – ду даста аз Душанбе, дастаҳои Хатлон, Рашт ва ШНТМ ширкат намуданд.
Дар натиҷаи нерӯсанҷӣ ҷои аввалро дастаи Рашт ба даст овард. Душанбе-1 ҷои дуюм ва ШНТМ ҷои сеюмро ишғол намуданд.
Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур тарғиби тарзи ҳаёти солим ва рушду пешрафти соҳаи варзиш, инчунин ташаккули бозиҳои миллии варзишӣ мебошад.
Ба ғолибон медалу дипломҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.