01.09.2020
: 892
Чемпиони Бозиҳои олимпӣ Дилшод Назаров изҳор дошт, ки варзишгарони кишвар аз пешбарии номзадии Президенти Тоҷикистон ва Президенти Кумитаи миллии олимпӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раҳбари кишвар дар муҳлати навбатӣ ҷонибдорӣ мекунанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ҳамчун номзад дар интихоботи президент, ки 11 октябр баргузор мешавад, пешниҳод гардид. Барои пуштибонӣ аз номзадии ӯ, Дилшод Назаров, ки аввалин медали тиллои олимпии кишварро дар гурзандозӣ дар Бозиҳои олимпии Рио-2016 ба даст овард, пуштибонӣ кард.
Дилшод Назаров 31 август дар Анҷумани Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон гуфт, муваффақиятҳои кишвар дар арсаи варзиш пас аз истиқлолият асосан бо дастгирӣ ва кӯмаки Президенти кишвар ба даст омадааст.
"Маҳз ба шарофати Пешвои миллат дар 29 соли истиқлолият Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалии варзишӣ беш аз 5000 маротиба баланд бардошта шуд”, - гуфт Д. Назаров.Вай хизматҳои Пешвои миллатро ҷиҳати фароҳам овардани инфрасохтор барои варзиш ва таваҷҷуҳи баланд ба варзиш ҳамчун роҳи таҳкими саломатии мардум ситоиш карда, аз ҷумла гуфт имрӯзҳо дар кишвар 10071 иншооти варзишӣ новобаста аз шакли моликият, аз ҷумла 122 варзишгоҳ, 7212 майдончаи варзишӣ, 1803 толори варзишӣ, 93 ҳавзи шиноварӣ, 37 маҷмааи варзишӣ ва 804 иншооти махсуси варзишӣ ба қайд гирифта шудааст. Бо мақсади ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш дар ҷумҳурӣ 128 мактаби варзишӣ фаъолият доранд.
Д. Назаров афзуд: “Таҳти сарпарастии Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвар ба марҳилаи нави рушд, ташаккул ва таҳкими ғояи миллати солим қадам мегузорад. Сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон тарғиби тарзи ҳаёти солим аст ва рӯ овардан ба варзиш шуғли асосии мардум шудааст. Ин ҳама хушбахтӣ ва шараф аз баракати истиқлолият ва Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст”.
"Барои ман боиси ифтихор ва сарфарозист, ки бо намояндагӣ аз номи 50 ҳазор варзишгари касбии Тоҷикистон номзадии Пешвои миллат, Президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, омодагии амиқи хешро барои амалӣ намудани тамоми орзуву ормонҳои 7 соли минбаъдаи миллати сарбаланди тоҷик ҳамчун пайравони Пешвои миллат равона месозем", - гуфт Д. Назаров дар охир.