Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

LA28 логотипи расмии худро муаррифӣ кард

02.09.2020

: 1040

Кумитаи тадорукоти “Лос Анҷелес-2028” логотипи нави Бозиҳои олимпӣ ва паралимпиро бо тасвири ҳарфи А-и ҳамеша тағйирёбанда, ки ба гуфтаи масъулон дар ҳамкорӣ бо намояндагони ҷамъият таҳия шудааст, муаррифӣ кард.

Зикр шудааст, ки ҳарфи “А” таърихи беохири шаҳри мизбон ва Бозиҳои олимпӣ ва паралимпиро инъикос мекунад. Таъкид гардидааст, ки логотип барои асри рақамӣ коркард шудааст ва тағйир ёфтани ҳарфи “А” имкон медиҳад, ки он давоми ҳашт соли омодагӣ ба Бозиҳои олимпӣ аҳамияти худро нигоҳ дорад.
“Логотип қавӣ ва хушҳолкунанда буда, имконоти беохирро барои ривоятҳо фароҳам меорад, - иброз намудааст намояндаи “Los Angeles 2028” Кейси Вассерман. – Он руҳияи Лос Анҷелесро ҳамчун шаҳри рушдкунанда ва дар оянда устувор нишон медиҳад”.
“Los Angeles 2028” барои таҳияи логотип бо олимпичиён, паралимпичиён, варзишгарони ҷавон, рассомон, ҳунармандон ва намояндагони ҷомеа ҳамкорӣ кард, ки ҳар кадоми онҳо намунаи “А”-ро пешниҳод карданд.
Лос Анҷелес соли 2028 сеюм маротиба (1932, 1984) Бозиҳои олимпиро мизбонӣ мекунад.