Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Коллеҷи тиббӣ бо толор ва майдончаҳои муосири варзишӣ ба истифода дода шуд

Коллеҷи тиббӣ бо толор ва майдончаҳои муосири варзишӣ ба истифода дода шуд Коллеҷи тиббӣ бо толор ва майдончаҳои муосири варзишӣ ба истифода дода шуд Коллеҷи тиббӣ бо толор ва майдончаҳои муосири варзишӣ ба истифода дода шуд

01.09.2020

: 1049

1 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Раҳмон Набиеви пойтахт бинои нави Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои нави Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ бо тарҳи муосир бунёд шуда, аз 6 ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Барои анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ мутахассисони баландихтисоси маҳаллӣ ҷалб шуда, корҳои бунёдӣ бо сатҳу сифати баланд ва мутобиқ ба талаботи меъморию шаҳрсозӣ ба иҷро расиданд.
Бинои нави Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ дорои 28 кафедра, 146 синфхона ва 8 толори барҳавои лексионӣ мебошад, ки бо мизу курсӣ, аёнияти таълимӣ ва муосиртарин технология, аз қабили тахтаҳои электронӣ ва видеопроекторҳо муҷаҳҳаз мебошанд ва барои таҳсили 3 ҳазору 500 нафар донишҷӯ дар як баст пешбинӣ шудааст.
Айни замон дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ 7 ҳазору 569 нафар донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 2 ҳазору 19 нафар писар ва 5 ҳазору 550 нафар духтар мебошанд. Ба онҳо 321 нафар омӯзгор, аз ҷумла 85 нафар бо дараҷаи тахассуси олӣ, 64 нафар тахассуси якум ва 49 нафар тахассуси дуюм дарс мегӯянд.

Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ дорои толори варзишӣ буда, дар саҳни бино 3 майдончаи варзишӣ барои бозиҳои футбол, волейбол ва боскетбол бунёд шудааст, ки барои ба варзиш машғул шудани донишҷӯён шароити зарурӣ фароҳам аст. Бояд гуфт, ки толори барҳаво ва майдончаҳои варзишии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ имкон медиҳанд, ки на танҳо мусобиқаҳои варзишии дохили муассиса, балки мусобиқаҳои сатҳи шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ низ ташкилу баргузор карда шаванд.