28.08.2020
: 1083
Федератсияи байналмилалии ҷудо эълон кард, ки дар фурсати наздик ба силсила мусобиқаҳои ҷаҳонии ҷудо бармегардад. Аз тирамоҳ шуруъ карда, се мусобиқаи сатҳи баланд баргузор карда мешаванд.
Гранд Слам дар Будапешт охири моҳи октябр ба нақша гирифта шуд, моҳи декабр бошад, Гранд Слами Токио доир мегардад. Баъдан, моҳи январи соли 2021 ситораҳои ҷудо дар мусобиқаи “World Judo Masters” дар Доҳаи Қатар ҷамъ меоянд.
Дар ҳар се мусобиқа варзишгарон имкон доранд холҳои олимпӣ ба даст оваранд. Ташкилотҳои қоравӣ низ ният доранд то охири сол баъзе мусобиқаҳоро баргузор кунанд.
“Масъалаи саломатии ҷудочиён барои мо дар ҷои аввал меистад ва мо кӯшиш мекунем, ки ҳамаи чорабиниҳо бо дарназардошти омӯзиши кишвари мизбон ва ҳолати эпидемиологии ҷаҳон гузаронида шавад”, - омадааст дар изҳороти IJF.
Президенти IJF Мариус Визер иброз доштааст: «Вақти он расидааст, ки мо зина ба зина барои иҷрои вазифаҳоямон гом бардорем. Мо огоҳем, ки вазъият дар ҷаҳон гуногун аст, ҳаст минтақаҳое, ки барои баргузории мусобиқот омодаанд. Маҷористон тайёр аст, ки мусобиқаи Гранд Сламро охири моҳи октябр доир кунад. Дар робита ба ҳифзи саломатӣ ва амнияти иштирокчиён тамоми чораҳо андешида мешаванд. Варзишгарони ҳамаи кишварҳо метавонанд дар он иштирок кунанд. Мо гурӯҳи махсусро таъсис додем, ки ба чорабиниҳои дарпешистода масъуланд ва барои таъмини амнияти иштирокчиён кӯмак мерасонанд. Чунин шароит дар Токио низ фароҳам карда мешавад”.Пас аз чанд моҳи маҳдудиятҳо, ниҳоят ҷаҳон дари худро ба сӯи оянда боз мекунад ва варзиш яке аз беҳтарин чора барои оғози марҳилаи нав мебошад. Варзишгарони касбиро зарур аст, ки сабқат кунанд, ба тамрин машғул шаванд ва дар беҳтарин шакли мумкин барои расидан ба мақсади олии худ – иштирок дар Бозиҳои олимпии Токио – омодагӣ бинанд.