Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ҳендбол: як даври дигар то анҷоми марҳилаи аввал

28.08.2020

: 885

Марҳилаи аввали лигаи ҳендболи Тоҷикистон ба анҷом наздик мешавад. То анҷоми марҳилаи якуми лига як даври дигар боқӣ мондааст.

Бозиҳои даври шашум миёни дастаҳои пешсафи ҷадвал дигаргунӣ наовард. Дастаҳои “Душанбе”, “Паразити” ва “Скиф” се ҷои аввалро ишғол кардаанд.
“Душанбе” ин навбат бар тими “Ҳисор” бо ҳисоби 45:16 пирӯз шуда, мавқеашро дар ҷои аввал мустаҳкам кард. “Скиф” дастаи “Пагранчи”-ро бо ҳисоби 30:28 мағлуб намуд. Дар ду бозии дигар “Паразити” бар “Марко Поло” бо ҳисоби 36:29 зафар ёфта, “Сокол” аз “Сарез” бо ҳисоби 27:36 шикаст хурд.
Дар даври ниҳоии марҳилаи аввал имрӯз, 28 август, “Сарез” бо “Пагранчи”, “Сокол” бо “Ҳисор”, “Скиф” бо “Марко Поло” ва “Душанбе” бо “Паразити” вомехуранд.

   ДАСТАҲО               Б        Ғ         М        Б         Т-Т                        Х             
 1      "Душанбе"  6  6  0  0  225-128 (+97)  12
 2  "Паразити"  6  5  0  1  199-153 (+46)  10
 3  "Скиф"  6  5  0  1  192-169 (+23)  10
 4  "Пагранчи"  6  2  0  4  180-173 (+7)  4
 5  "Сарез"  6  2  0  4  143-171 (-28)  4
 6  "Ҳисор"  6  2  0  4  146-188 (-42)  4
 7  "Марко Поло"  6  1  0  5  144-174 (-30)  2
 8  "Сокол"  6  1  0  5  136-209 (-73)  2