Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Футзал: мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон оғоз шуд

26.08.2020

: 878

Мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал дар мавсими 2020 бо бозӣ миёни дастаҳои “Муҳоҷир” ва “Доро Инвест” дар марҳилаи муқаддамотӣ оғоз шуд.

“Муҳоҷир”-и Душанбе бар дастаи “Доро Инвест”-и Хуҷанд бо ҳисоби 8:5 ғалаба карда, ба даври навбатӣ роҳ ёфт.
Акнун дар даври чорякфинали Ҷоми Тоҷикистон “Муҳоҷир” дар бозии хонагӣ муқобили пешсафи лигаи касбии футзали кишвар – “Сипар”-и Хуҷанд бозӣ мекунад. Вохурӣ 28 август доир хоҳад шуд. Дар бозиҳои дигари даври чорякфинал “Иттифоқ” (Душанбе) бо “Соро компания” (Душанбе), “Истаравшан” (Истаравшан) бо “Формула-55” (Душанбе) ва “Самандар” (Турсунзода) бо “Равшан” (Кӯлоб) вомехуранд.
Бозиҳои нимфинал 9 сентябр, финали Ҷоми Тоҷикистон-2020 оид ба футзал 12 сентябр дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд сурат мегирад.
Имсол ҳар марҳилаи Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал аз як бозӣ иборат мебошад.