Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ду бозии беғолиби даври 13-уми Чемпионати Тоҷикистон

24.08.2020

: 898

23 август ду бозии даври сенздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд.

Дар ҳар ду бозӣ ғолиб муайян нагардид. “Регар-ТадАЗ” дар майдони худ тими “Локомотив-Помир”-ро қабул кард. Бозӣ бе задани гол хотима ёфт – 0:0. Бозингари роҳиоҳанчиён Сиёвуш Асроров пеналтиро ба нафъи дастааш иҷро карда натавонист.
Бозии дигар миёни дастаҳои “Куктош” – “Душанбе-83” бо ҳисоби 2:2 ба анҷом расид. Бозингари тими меҳмон Элчибек Рашидбеков дар дақиқаи 14 ҳисобро кушод. Холмурод Назаров дар дақиқаи  44 голи ҷавобӣ зад - 1:1. Мбеке Диеудони дар дақиқаи 61 “Куктош”-ро ба пеш баровард - 2:1, вале душанбегиҳо тавассути зарбаи нишонраси Аъзам Муродов дар дақиқаи 69 ҳисобро баробар карданд - 2:2.
Се бозии дигаи даври сенздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ имрӯз, 24 август, доир мешаванд. “Хуҷанд” дар майдони худ “Файзканд”-ро қабул мекунад, “Истиқлол” ба меҳмонии “Истаравшан” меравад, “Хатлон” дар Бохтар бо КМВА вомехуранд.