Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Тими мунтахаби Тоҷикистон ба тамрин шуруъ мекунад

21.08.2020

: 945

Ситоди мураббиёни мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо роҳбарии Усмон Тошев ҳайати дастаро ба ҷамъомади машқӣ-таълимӣ дар Душанбе қабл аз бозӣ бо тими миллии Узбекистон даъват кард.

Ҳайати тими миллии Тоҷикистон 25 август дар Душанбе ҷамъ меоянд ва ба бозии рафиқона муқобили тими мунтахаби Узбекистон, ки 3 сентябр дар Тошканд ба нақша гирифта шудааст, омода мешаванд.
Усмон Тошев ба ҷамъомади машқӣ дар Душанбе 24 бозингар – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар – даъват кардааст.

Ҳайати тими миллии Тоҷикистон дар ҷамъомади машқӣ-таълимӣ дар Душанбе:

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Помир»), Қурбоналӣ Бобоев («Куктош»);

Ҳимоятгарон: Аҳтам Назаров, Искандар Ҷалилов, Табрези Давлатмир, Зоир Ҷӯрабоев (ҳама аз «Истиқлол»), Манучеҳр Сафаров («Локомотив-Помир»), Хуршед Бекназаров, Алишер Баротов (ҳар ду аз «Хуҷанд»);

Нимҳимоятгарон: Алишер Ҷалилов, Амирбек Ҷӯрабоев, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов (ҳама аз «Истиқлол»), Илҳом Баротов («Истаравшан»), Умардҷон Шарипов («Хатлон»), Шарафҷон Солеҳов («Файзканд»), Комрон Турсунов («Моҳун Баган», Ҳиндустон), Хуршед Абдуллоев («Душанбе-83»);

Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов, Шериддин Бобоев (ҳар ду аз «Истиқлол»), Ҷаҳонгир Эргашев, Дилшод Бозоров, Тоҳир Малодӯстов (ҳама аз «Хуҷанд»)

Сармураббӣ – Усмон Тошев.