Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ҷоми ҷаҳон оид ба шиноварӣ имсол доир намешавад

18.08.2020

: 907

Федератсияи байналмилалии шиноварӣ (FINA) тавсия додааст, ки мавсими 2020-и Ҷоми ҷаҳон оид ба шиноварӣ, бо сабаби пандемияи Covid-19, ба соли оянда гузаронида шавад.

Тавре дар баёнияи FINA қайд гардидааст, нигоҳ накарда ба он ки шаҳрҳои мизбон омодагиашонро барои қабули варзишгарон дар соли равон изҳор намудаанд, гурӯҳи кории FINA, ки барои таҳлили ҳолати имрӯза таъсис ёфтааст, тавсия додааст, ки мусобиқот соли 2021 баргузар шаванд.
Қаблан Ассотсиатсияи шиноварии Сингапур пас аз машварат бо FINA марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон-2020-ро, ки мебоист 4-6 сентябр доир мешуд, барҳам дод. Дар умум соли 2020 шаш марҳилаи Ҷоми ҷаҳон ба нақша гирифта шуда буд.
FINA ин тасмимро танҳо ба хотири ҳифзи саломатии варзишгарон ва масъулони оилаи шиноварӣ гирифт.
Силсилаи мусобиқаҳои Ҷоми ҷаҳон оид ба шиноварӣ дар соли 2021 аз Осиё оғоз мегардад – Сингапур ва Синан (Чин) – пас аз як моҳи Бозиҳои олимпии Токио. Санаи дақиқи баргузории мусобиқот дертар эълон хоҳад шуд. Баъдан шиноварон дар Аврупо ҷамъ меоянд – Берлин (Олмон) ва Будапешт (Маҷористон). Ду марҳилаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2021 оид ба шиноварӣ дар Доҳа (Қатар) ва Қазон (Руссия) сурат мегирад.
Ҳамаи шаш марҳилаи мусобиқот дар ҳавзи дарозиашон 25 метр баргузор мешаванд ва мусобиқаи интихобии Чемпионати ҷаҳон оид ба шиноварӣ дар масофаҳои кутоҳ маҳсуб меёбанд, ки аз 13 то 18 декабри соли 2021 дар Абу Дабии АМА доир хоҳад шуд.
Фонди ҷоизавии Ҷоми ҷаҳон-2021 2,5 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Ҷадвали мусобиқаҳои Ҷоми ҷаҳон-2021 оид ба шиноварӣ:

Кластери 1
Марҳилаи 1 – Сингапур (Сингапур) – сентябр
Марҳилаи 2 – Синан (Чин) – сентябр

Кластери 2
Марҳилаи 3 — Берлин (Олмон) – 1-3 октябр
Марҳилаи 4 — Будапешт (Маҷористон) – 7-9 октябр

Кластери 3
Марҳилаи 5 — Доҳа (Қатар) – 21-23 октябр
Марҳилаи 6 — Қазон (Руссия) – 28-30 октябр