Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Лигаи олӣ: талош барои медалҳо шиддат мегирад

17.08.2020

: 952

Дар Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ талош барои на танҳо медалҳо, балки барои мондан дар лигаи олӣ шиддат мегирад. Бо фарқияти панҷ хол чор даста дар ҷойҳои аз 2-юм то панҷум мавқеъ гирифтаанд.

Бозиҳои даври дувоздаҳуми чемпионат 15-16 август баргузор шуданд. Дар бозии марказии давр “Истиқлол” бар тими “Хуҷанд” бо ҳисоби калон ғолиб омад – 4:0. Пас аз ин пирӯзӣ фарқияти ҷойгиршавии дастаи Душанбе бо дастаи “Хуҷанд” 11 холро ташкил дод. Голҳоро дар ин дидор Манучеҳр Ҷалилов, Муҳаммадҷон Раҳимов, Алишер Ҷалилов ва Табрези Давлатмир заданд.
КМВА дар майдони худ аз дастаи “Куктош” бо ҳисоби 1:5 мағлуб шуд. Дар ҳайати тими ғолиб Муҳсинҷон Абдуғаффоров ду тӯб, Собирҷон Холматов, Принс Артур ва Мбеке Диеудонӣ яктӯбӣ ба ҳадаф расонданд.
“Душанбе-83” дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат ба дарвозаи тими “Регар-ТадАЗ” се голи беҷавоб зад. Голҳои задаи Элчибек Рашидбеков, Агблей Ҷонсон ва Колинс Адухене ба шаҳриҳо се хол овард.
“Хатлон”-и Бохтар дуюм бохти пайдарпайро дар чемпионати Тоҷикистон таҷриба кард. Дар даври 12-ум дастаи Аслиддин Ҳабибуллоев дар Кӯлоб аз дастаи “Файзканд” шикаст хурд – 1:2. Пирӯзии восеъгиҳо тавассути зарбаҳои нишонраси Шарафҷон Солеҳов ва Анвар Муродов имконпазир гардид.
Бозӣ миёни дастаҳои “Локомотив-Помир” ва “Истаравшан”, ки барои мондан дар лигаи олӣ мубориза мебаранд, мусовӣ – 2:2 анҷом ёфт.
То анҷоми Чемпионати Тоҷикистон шаш даври дигар боқӣ монд. Ҷадвали мусобиқаоро “Истиқлол” бо 34 хол устуворона роҳбарӣ мекунад. Дар мавқеи дуюм дастаи “Хуҷанд” бо 23 хол қарор дорад. “Хатлон” бо 21 хол дар ҷои сеюм аст. “Куктош” бо 19 хол ба ҷои чоруми ҷадвал баромад.
Бозиҳои даври навбатӣ 23-24 август баргузор мешавад. Дар даври 13-ум 23 август «Регар-ТадАЗ» бо «Локомотив-Помир», «Куктош» бо «Душанбе-83» ва 24 август «Хуҷанд» бо «Файзканд», «Истаравшан» бо «Истиқлол», «Хатлон» бо КМВА вомехуранд.

     Б     Ғ     М     Б     Т-Т     Х   
 1    "Истиқлол" (Душанбе)     12  11  1  0  49-5  34
 2  "Хуҷанд" (Хуҷанд)  12  7  2  3  19-15    23
 3  "Хатлон" (Бохтар)  12  6  3  3  22-18  21
 4  "Куктош" (Рӯдакӣ)  12  5  4  3  18-14  19
 5  КМВА (Душанбе)  12  5  3  4  20-19  18
 6  "Душанбе-83" (Душанбе)    12  4  2  6  13-20  14
 7  "Файзканд" (Восеъ)  12  3  5  4  12-21  14
 8  "Истаравшан" (Истаравшан)    12  2  3  7  15-29  9
 9  "Регар-ТадАЗ" (Турсунзода)  12  2  2  8  16-31  8
 10   "Локомотив-Помир" (Душанбе)     12     1       3         8        9-21         6