Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Мунтахаби Тоҷикистон бо Муғулистон, Ҷопон, Мянма имсол бозӣ намекунад

12.08.2020

: 935

Бозиҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон оид ба футбол муқобили дастаҳои Муғулистон, Ҷопон ва Мянма дар доираи марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022, ки моҳҳои октябр ва ноябри имсол ба нақша гирифта шуда буд, ба соли 2021 гузаронида шуд.

Бо сабаби ҳолати имрӯзаи ҷаҳон дар робита ба пандемияи COVID-19 Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои футбол (FIFA) ва Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) ба қароре омаданд, ки бозиҳои пешорӯи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 ба соли 2021 гузаронида шавад.
Бо мақсади ҳимояи саломатии ҳамаи иштирокчиён FIFA ва AFC ҳамкориро идома медиҳанд, то вазъиятро дар минтақа зери назорат гирифта, санаи навро ба баргузории бозиҳо муайян намоянд.
Маълумоти бештар оид ба санаҳои нави даврҳои навбатии бозиҳои интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 ва Ҷоми Осиё-2023 дертар пешниҳод хоҳад шуд.