Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Футзал: “Соро компания” ва “Сипар” баробар бозӣ карданд

11.08.2020

: 901

Бозии марказии даври панҷуми Лигаи касбии футзали Тоҷикистон миёни муддаиёни асосии медалҳои тилло – “Сипар”-и Хуҷанд ва “Соро компания”-и пойтахт мусовӣ – 1:1 анҷом ёфт.

Вохӯрии дастаҳо 8 август дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд сурат гирифт. Ба голи задаи легионери гурҷӣ Вахтанг кекелия мизбонон тавассути зарбаи ҳадафраси Дилшод Саломов ҷавоб доданд.
Дар бозии дигар дастаи шаҳри Душанбе – “Муҳоҷир” бар тими “Равшан”-и Кӯлоб бо ҳисоби 6:4 ғолиб омад. Дар ҳайати душанбегиҳо Самандар Ризомов хет-трик, Хуршеди Зайниддин дубл анҷом доданд.
Дастаи “Самандар”-и шаҳри Турсунзода дар меҳмонӣ бар тими “Истаравшан” бо ҳисоби 9:8 ғалаба кард. Ин аввалин пирӯзии дастаи “Самандар” мебошад. Дар ҳайати тими ғолиб Низом Махмаев ба номаш се гол сабт кард.
Ҳамин тариқ, марҳилаи аввали Лигаи касбии футзали Тоҷикистон анҷом ёфт. “Соро компания” ва “Сипар” бо 13-холӣ пешсафанд. Марҳилаи дуюми мавсими имсола 19 август оғоз мешавад.
Дар даври шашум «Самандар» бо «Истаравшан», «Соро компания» бо «Сипар» ва «Муҳоҷир» бо «Равшан» вомехуранд.

      Б    Ғ    М    Б    Т-Т     Х  
 1    "Соро компания" (Душанбе)     5  4  1  0  40-6  13 
 2  "Сипар" (Хуҷанд)  5  4  1  0  34-15    13
 3  "Муҳоҷир" (Душанбе)  5  3  0  2  22-23  9
 4  "Истаравшан" (Истаравшан)  5  1  0  4  27-34  3
 5  "Равшан" (Кӯлоб)  5  1  0  4  23-43  3
 6  "Самандар" (Турсунзода)  5  1  0  4  26-51  3