Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ҷои чоруми шоҳмотбозони тоҷик дар онлайн-олимпиада

10.08.2020

: 841

Мунтахаби Тоҷикистон оид ба шоҳмот дар марҳилаи сеюми Олимпиадаи ҷаҳонӣ, ки тариқи онлайн ҷараён дорад, дар гурӯҳи “В” ҷои чорумро ишғол кард.

Бозии шоҳмотбозони мо 7 август шуруъ гардид. Дар рӯзи аввал тими мунтахаби шоҳмоти Тоҷикистон аз тими Португал мағлуб гардида (2:4), бар дастаҳои Ботсвана (6:0) ва Тайпейи Чин (4:2) ғолиб омад.
Шоҳмотбозони тоҷик дар 4-ум давр аз тими Шри Ланка бо ҳисоби 2:4 мағлуб гардида, бар Нигерия бо ҳисоби 6:0 пирӯз ва бо тими Шотландия мусовӣ – 3:3 бозӣ карданд. Дар рӯзи ҷамъбастии марҳилаи сеюми Олимпиадаи ҷаҳонӣ тариқи онлайн дастаи Тоҷикистон бар тимҳои АМА ва Ангола бо ҳисоби якхелаи 5:1 зафар ёфт, бо дастаи IPCA (шоҳмотбозони дорои нуқсони такягоҳ аз тамоми ҷаҳон) мусовӣ 3:3 кард.
Ҳамин тариқ, пас аз натиҷагирӣ тими Тоҷикистон ҷои чорумро ишғол намуда, аз идомаи мусобиқа дар марҳилаҳои дуюм ва асосӣ маҳрум гардид.
Дар рӯзи охир ташкилкунандагони олимпиада адолатро барқарор карда, як холи аздастрафтаи Тоҷикистонро дар бозӣ муқобили Португалия, дар даври аввал, ки ҳисоби 2:4 ба қайд гирифта шуда буд, баргардонданд. Баъд аз тамошои дубораи бозиҳо, маълум шуд, ки ҳарифи Сабрина Абророва тавассути роҳнамоии компютер ва телефон ғалаба кардааст. Дар натиҷа бозии ӯ ба ҳисоб гирифта нашуд ва ҳисоби бозии Тоҷикистон ва Португал мусовӣ – 3:3 шуд.  
Дар ҳайати инфиродӣ Сабрина Абророва беҳтарин натиҷа нишон дод – аз 9 холи имконпазир 9 хол ба даст овард. Надежда Антонова аз 9 бозӣ дар 8-тоаш ғолиб омад. Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев (аз 7 бозӣ) ва Мутриба Ҳотамӣ (аз 9 бозӣ) 5-холӣ гирифтанд. Натиҷаи дигар варзишгарон: Алишер Каримов – 3,5 аз 6 холи имконпазир, Меҳриддин Шарифов – 3,5 аз 6, Ҷамшед Исоев – 2 аз 3, Мустафохуҷа Ҳусейнхоҷаев – 0,5 аз 2 ва Ҷамолиддин Илҳомӣ – 0,5 аз 3.

Ҷадвали ҷамъбастӣ дар гурӯҳи “В”-и марҳилаи сеюм:
1. Португал – 15
2. IPCA – 14
3. Шотландия – 14
4. ТОҶИКИСТОН – 13
3. Шри-Ланка – 11
6. АМА – 8
7. Ботсвана – 8
7. Тайпейи Чин – 4
9. Ангола – 3
10. Нигерия – 0

Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот тариқи онлайн 25 июл шуруъ гардида буд ва то 23 август идома меёбад.