Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Шоҳмотбозони тоҷик дар онлайн-олимпиада ширкат мекунанд

07.08.2020

: 961

Имрӯз - 7 август – бозиҳои марҳилаи сеюми Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот тариқи онлайн оғоз мегардад, ки дар он шоҳмотбозони тоҷик низ иштирок мекунанд.

Бозиҳо дар марҳилаи сеюм то 9 август идома меёбад. Мунтахаби Тоҷикистон 7 август бо дастаҳои Португалия, Ботсвана, Тайпейи Чин, 8 август бо тимҳои Шри-Ланка, Нигерия, Шотландия ва 9 август бо АМА, Ангола ва IPCA (мунтахаби шоҳмотбозони дорои нуқсони такягоҳ аз тамоми ҷаҳон) рақобат мекунад. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз 12 нафар - Ҷамшед Исоев, Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев, Надежда Антонова, Мутриба Ҳотамӣ, Ҷалолиддин Икромӣ, Сабрина Абророва, Алишер Каримов, Мустафохуҷа Ҳусейнхоҷаев, Марворид Насриддинзода, Сарвиноз Каримова, Меҳриддин Шарифов ва Рухшона Саидова – иборат аст.
Агар мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи сеюм дар сегонаи аввал ҷой гирад, имкон дорад дар марҳилаи дуюм мусобиқаро идома диҳад.
Котиби генералии Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон Илҳом Юнусов ба “Азия плюс” гуфтааст, ки бисёри шоҳмотбозон, ки барои намояндагии кишвар дар аввалин онлайн-олимпиадаи ҷаҳонӣ даъват шудаанд, таҷрибаи иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ тариқи интернетро доранд.
Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот тариқи онлайн 25 июл шуруъ гардида буд ва то 23 август идома меёбад. Дар олимпиада 161 давлати дунё ширкат доранд.