06.08.2020
: 1097
Дастаи “Хатлон”-и Бохтар ғолиби марҳилаи аввали Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон гардид.
Дар марҳилаи аввал футболбозбонувони Бохтар дар 8 бозӣ ғалаба карда, як дидорро мусовӣ анҷом доданд ва аз 27 холи имконпазир ба гирифтани 25 хол даст ёфтанд.
Дар ҷои дуюм бо 24 хол дастаи “Зебонисо”-и Душанбе мавқеъ гирифт. Ҷои сеюмро тими “Зебо”-и Дӯстӣ бо 22 хол ишғол кард.
Дар даври ниҳоии марҳилаи аввал “Хатлон” ба дарвозаи “Равшан” 6 голи беҷавоб зад. 5 голро Лайло Ҳалимова ба номаш сабт кард. “Регар-ТадАЗ” бар тими “Барқ” пирӯз шуд – 7:1. Дар ҳайати тими ғолиб Наргиза Бобоева хет-трик анҷом дод. Дар бозии дигар “Панҷшер” аз “Зебо” бо ҳисоби 0:12 шикаст хурд. Меҳрангез Шарифова ва Саҳина Саидова 4-голӣ заданд. Дар ду бозии дигар “Бешкент” бар “Чашма” бо ҳисоби 7:0 ва “Зебонисо” бар “Ҳосилот” бо ҳисоби 11:0 ғолиб омаданд. Дар ҳайати “Чашма” Рафина Нурмуродова 6 тӯб, дар ҳайати “Зебонисо” бошад, Мадина Фозилова 4 тӯб ба ҳадаф расонданд.
12 август дар даври 10-ум ҷуфтҳо тариқи зайл вомехуранд: «Хатлон» – «Равшан», «Регар-ТадАЗ» – «Барқ», «Панҷшер» – «Зебо», «Бешкент» – «Чашма», «Зебонисо» – «Ҳосилот».
Б Ғ М Б Т-Т Х 1 "Хатлон" (Бохтар) 9 8 1 0 63-5 25 2 "Зебонисо" (Душанбе) 9 8 0 1 84-2 24 3 "Зебо" (Дӯстӣ) 9 7 1 1 51-8 22 4 "Регар-ТадАЗ" (Турсунзода) 9 5 1 3 40-9 16 5 "Бешкент" (Носири Хусрав) 9 5 1 3 36-10 16 6 "Барқ" (Норак) 9 3 1 5 7-46 10 7 "Ҳосилот" (Фархор) 9 2 1 6 5-42 7 8 "Чашма" (Шаҳритус) 9 2 0 7 8-62 6 9 "Равшан" (Кӯлоб) 9 1 0 8 1-44 3 10 "Панҷшер" (Ҷалолиддин Балхӣ) 9 0 2 7 5-72 2