Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Футбол: иштирокчиёни даври ¼-финали Ҷоми Тоҷикистон муайян шуданд

04.08.2020

: 1043

1-3 август бозиҳои даври ҳаштякфинали Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол баргузор шуданд, ки дар натиҷа иштирокчиёни даври чорякфинал муайян гардид.

Дар чорякфинали Ҷоми Тоҷикистон-2020 «Равшан» (Кӯлоб) бо «Истиқлол», «Локомотив-Помир» бо «Регар-ТадАЗ», «Эсхата» бо «Хатлон» ва «Истаравшан» бо «Куктош» вомехуранд.
1 август се бозии даври ҳаштякфинал доир шуд. “Хуҷанд” дар майдони худ аз тими “Куктош” шикаст хурд – 0:3. Голҳои Мбеке Деудоне Сиебатче, Муҳиддин Одилов ва Муҳаммадшарифи Саидхуҷа дастаи ноҳияи Рӯдакиро ба пеш баровард ва барандаи медалҳои нуқраи Чемпионати Тоҷикистон-2019 – дастаи “Хуҷанд” аз идомаи мусобиқа маҳрум карда шуд.
Тими “Регар-ТадАЗ” ба туфайли голи ягонаи Расул Пайзов дастаи “Душанбе-83”-ро мағлуб намуда, ба даври навбатии Ҷоми Тоҷикистон роҳхат гирифт. Ҳамчунин, дастаи “Хатлон” бар тими “Файзканд” бо ҳисоби 2:1 ғалаба карда, ба чорякфинали Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфт.
2 август низ се бозӣ баргузор шуд. Дар пайи “Куктош”, “Регар-ТадАЗ” ва “Хатлон” дастаҳои “Истаравшан”, “Локомотив-Помир” ва “Равшан”-и Кӯлоб ба чорякфинали Ҷоми Тоҷикистон роҳхат гирифтанд.
“Истаравшан” бар тими КМВА бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд. Илҳом Баротов дар ҳайати “Истаравшан” ду гол ба ҳадаф расонд. “Локомотив-Помир” бошад, туфайли ду голи Ислом Зоиров “Барқчӣ”-ро аз сари роҳаш дур кард. Дар бозии дигар “Равшан”-и Кӯлоб тавонист бар дастаи “Панҷшер” ғалаба кунад – 3:2.
Ду бозии дигари даври ҳаштякфинали Ҷоми Тоҷикистон 3 август баргузор шуд. “Истиқлол” ба дарвозаи “Моҳир” 11 голи беҷавоб зад. Манучеҳр Ҷалилов 4 тӯб, Шериддин Бобоев ду тӯб ба ҳадаф расонданд.
Дар бозии охирини даври ҳаштякниҳоӣ “Равшан”-и Зафаробод аз тими “Эсхата” мағлуб гардид – 1:4. Дар ҳайати тими ғолиб Боҳирҷон Сангинбоев 2 гол зад.