Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

World Athletics формати кроссро барои Париж-2024 пешниҳод мекунад

01.08.2020

: 1091

Шӯрои Варзиши сабуки ҷаҳонӣ 30 июл формати мусобиқаи кроссро барои ворид кардан ба Бозиҳои олимпӣ тасдиқ кард.

Мусобиқа, ки барои ворид кардан ба барномаи Бозиҳои олимпии Париж-2024 пешниҳод мешавад, аз эстафетаи омехта дар масофаи 20км барои варзишгарони 15 давлат иборат аст. Ҳар даста аз ду мард ва ду зан ташкил меёбад. Ҳар узви даста думаротибаӣ ба масофаи 2.5 километр хоҳад давид.
Дар наздиктарин фурсат Варзиши сабуки ҷаҳонӣ бо Кумитаи тадорукоти Париж-2024 вомехурад, то ҷузъиёти бештари ин пешниҳодро баррасӣ намоянд.
Президенти Ташкилоти Варзиши сабуки ҷаҳонӣ Себастян Коу иброз намуд, ки аз бозгашти кросс ба Бозиҳои олимпӣ баъд аз 100 сол (бори охир мусобиқаи кросс дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 доир гашта буд) хушҳол аст.

“Муҳаббати ман ба варзиши сабук аз кросс-контри шуруъ шуд, - гуфт С. Коу. – Вақте ман ба клуби варзишии “Hallamshire Harriers” пайвастам, президенти клуб Ҷо Уилямс буд, ки дар охирин сабқати дави олимпӣ дар масири ноҳамвор соли 1924 дар Париж ширкат карда буд. Рамзӣ мебуд, агар ин қувваозмоии шигифтангез баъд аз як аср ба майдон баргардад ва насли нави давандҳо ошиқи дав дар масири ноҳамвор гарданд”.