01.08.2020
: 1075
30 июл бозиҳои даври дуюми лигаи касбии футзали Тоҷикистон баргузор шуданд.
Намояндаи пойтахт – дастаи “Соро компания” дар Турсунзода бар тими маҳалии “Самандар” бо ҳисоби 14:4 ғалаба кард. Дар ҳайати тими Душанбе Муҳаммад Раҷабов панҷ гол, Комрон Алиев се гол заданд.
“Сипар”-и Хуҷанд низ меҳмонӣ ғалаба кард. Шимолиҳо дар пойтахт бар дастаи “Муҳоҷир” дастболо шуданд – 5:3. Собирҷон Гуляков ва Иқбол Воситзода дуголӣ ба номашон сабт карданд.
Дар бозии дигар “Истаравшан” дар майдони худ бар тими “Равшан”-и Кӯлоб бо ҳисоби 12:7 ғолиб омад.
Баъд аз натиҷагирии ду давр дар ҷадвали мусобиқа “Соро компания” ва “Сипар” бо шашхолӣ пешсафанд.
Бозиҳои даври сеюми лигаи касбии футзали кишвар 2 август доир мешаванд. “Сипар” бо “Истаравшан”, “Равшан” бо “Самандар” ва “Соро компания” бо “Муҳоҷир” вомехуранд.