Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Мураббиёни таеквондо WT соҳиби сертификат шуданд

Мураббиёни таеквондо WT соҳиби сертификат шуданд Мураббиёни таеквондо WT соҳиби сертификат шуданд Мураббиёни таеквондо WT соҳиби сертификат шуданд Мураббиёни таеквондо WT соҳиби сертификат шуданд Мураббиёни таеквондо WT соҳиби сертификат шуданд

30.07.2020

: 963

Мураббиёни намуди таеквондо WT пас аз хатми курси техникӣ-омӯзишии Ҳамбастагии олимпӣ соҳиби сертификат шуданд.

Курси техникӣ-омӯзишӣ барои мураббиёни таеквондо WT бо ибтикори Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар доираи Барномаи “Курсҳои омӯзишӣ барои мураббиён”-и Ҳамбастагии олимпӣ 23 июл оғоз гардида буд. Машғулиятҳоро дар мувофиқа бо Иттиҳоди “Таеквондои ҷаҳонӣ” (WT) мутахассисони сатҳи байналмилалӣ аз Тоҷикистон Ҷаҳонзеб Қармишев ва Манучеҳр Хуморов гузарониданд.
Дар маросими ҷамъбасти курс котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Муҳаммадшо иштирокчиёнро барои бомуфаввақият ба итмом расонидани машғулиятҳо табрик гуфта, умед кард, ки мураббиён он чи ки омӯхтанд ҳангоми машғулиятҳо ба шогирдонашон меомӯзонанд.

“Намуди таеквондои олимпӣ дар кишвар рушд кардааст. Мо аз ин намуд иштирокчиёни Бозиҳои олимпӣ, ҷоизадорони Бозиҳои Осиё, чемпионати Осиё ва мусобиқаҳои байналмилалӣ дорем. Кумитаи миллии олимпӣ дар оянда низ барои омӯзиши мураббиёну доварони таеквондои ҷаҳонӣ семинару курсҳои омӯзишӣ доир мекунад. Мураббиёнро зарур аст, ки ҷиддӣ кор кунанд ва варзишгаронро ба мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ, хусусан Бозиҳои олимпӣ омода намоянд”, - гуфт Абдуллозода М.
Акнун марҳилаи дуюми курси омӯзишӣ аз ҷониби Федератсияи таеквондо WT гузаронида мешавад, ки аз машғулиятҳои амалӣ барои мураббиён (5 рӯз) ва доварон (2 рӯз) иборат аст, ки дар минтақаҳо, дар толорҳое, ки мураббиён дар машғулиятҳои назариявӣ иштирок карданд, мегузарад. Ҳар мураббӣ вазифадор аст, донишҳои омӯхтаашро дар машғулиятҳо бо шогирдони худ истифода барад. Ин ҳолатҳо дар ҳузури коршиносон сурат мегирад.