Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ҷоми Тоҷикистон: натиҷаи қуръакашии даври ҳаштякфинал

15.07.2020

: 1049

Дар қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон маросими қуръакашии бозиҳои Ҷоми Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар натиҷа, дар даври ҳаштякфинал ҷуфтҳо ба таври зерин муайян гардиданд: «Равшан» (Кӯлоб) – «Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ), «Истиқлол» (Душанбе) – «Моҳир» (Ёвон), «Барқчӣ» (Ҳисор) – «Локомотив-Помир» (Душанбе), «Душанбе-83» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Равшан» (Зафаробод) – «Эсхата» (Хуҷанд), «Файзканд» (Восеъ) – «Хатлон» (Бохтар), «Истаравшан» (Истаравшан) – КМВА (Душанбе), «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Куктош» (Рӯдакӣ). Бозиҳои даври 1/8-финал 1-3 август доир хоҳанд шуд.
Имсол Ҷоми Тоҷикистон дар формати нав доир мегардад. Агар солҳои гузашта дастаҳо дар ҳамаи марҳилаҳо ду бозӣ (хона - сафар) анҷом медоданд, ин мавсим якбозигӣ мекунанд. Мизбони бозиҳо дар натиҷаи қуръакашӣ муайян мегардад.
Ғолиби Ҷоми Тоҷикистон-2020 имкон пайдо мекунад, ки кишварамонро дар Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2021 намояндагӣ кунад. Агар дар Ҷоми Тоҷикистон ва Чемпионати Тоҷикистон як даста ғолиб ояд, пас дар Ҷоми КФО-2021 барандаи медалҳои нуқраи чемпионати ҷумҳурӣ иштирок хоҳад кард.