Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Марҳилаи аввали лигаи олӣ бо пирӯзии “Истиқлол” анҷом ёфт

13.07.2020

: 965

Марҳилаи аввали Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ бо пирӯзии клуби “Истиқлол”-и Душанбе анҷом ёфт.

Бозиҳои даври ниҳоии марҳилаи аввал рӯзҳои истироҳати гузашта баргузор шуданд. 11 июл “Регар-ТадАЗ” дар майдони худ бо тими “Хатлон” баробар бозӣ кард – 1:1. Нимҳимоятгари “Хатлон” Эҳсон Бобоев дар дақиқаи 83-юм ҳисобро кушод, вале бохтариҳо натавонистанд бо пирӯзӣ бозиро анҷом диҳанд. Қабл аз садои ҳуштаки довар футболбозони Турсунзода тавассути голи Нозим Бобоҷонов тавонистанд аз бохт наҷот ёбанд.
Дастаи “Куктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ дар майдони худ бар тими “Файзканд”-и ноҳияи Восеъ бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард. Ин аввалин бозии дастаи ноҳияи Рӯдакӣ бо роҳнамоии сармураббӣ Маҳмадҷон Ҳабибуллоев буд. Ба голи задаи бозингари “Файзканд” Наврӯз Рӯстамов, футболбозони “Куктош” бо се голи Бунёд Шодиев, Аббос Икромов ва Муҳсин Абдуғаффоров ҷавоб доданд.
Дар бозии дигар КМВА дар сафар тими “Истаравшан”-ро мағлуб намуд – 2:1. Ҳар ду голи тими артишро Шервонӣ Мабатшоев зад. Дар ҳайати дастаи Истаравшан Илҳом Баротов голро ба номаш сабт кард.
Ду бозии дигари даври нуҳум рӯзи 12 июл доир гардид. “Хуҷанд” бар дастаи “Душанбе-83” ва “Истиқлол” бар тими “Локомотив-Помир” бо ҳисоби якхелаи 1:0 ғалаба карданд. Голи дастаи Хуҷандро Фирдавс Чақалов ва голи тими Душанберо Рустам Соиров ба номашон сабт карданд.
Ҳамин тариқ, марҳилаи аввали Чемпионати Тоҷикистон ба анҷом расид. Дастаҳо ба танаффуси дуҳафтаина рафтанд ва имкон доранд бозингарони навро ҷалб намоянд.
Дар ҷадвали чемпионат “Истиқлол” бо 25 хол пешсафи ягона аст. Дар ҷои дуюм “Хуҷанд” бо 19 хол, дар ҷои сеюм “Хатлон” бо 18 хол мавқеъ гирифтаанд.

     Б    Ғ    М    Б    Т/Т    Х  
 1   "Истиқлол" (Душанбе)    9  8  1  0  39-5    25  
 2  "Хуҷанд" (Хуҷанд)  9  6  1  2  17-10    19
 3  "Хатлон" (Бохтар)  9  5  3  1  16-12  18
 4  КМВА (Душанбе)  9  4  2  3  13-12  14
 5  "Куктош" (Рӯдакӣ)  9  3  3  3  11-12  12
 6  "Душанбе-83" (Душанбе)    9  3  2  4  9-16  11
 7  "Файзканд" (Восеъ)  9  2  4  3  12-15  10
 8  "Регар-ТадАЗ" (Турсунзода)    9  2  2  5  13-19  8
 9  "Локомотив-Помир" (Душанбе)    9  1  1  7  7-16  4
 10   "Истаравшан" (Истаравшан)  9  1  1  7  10-26  4