Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Бозиҳои марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон доир шуд

09.07.2020

: 972

7-8 июл бозиҳои марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон-2020 баргузор шуд. Дар натиҷа дастаҳое, ки ба марҳилаи навбатӣ роҳхат гирифтанд, муайян гардиданд.

Ба даври 1/8-финали Ҷоми Тоҷикистон тимҳои “Равшан” (Кӯлоб), “Равшан” (Зафаробод), “Барқчӣ” (Ҳисор), “Моҳир” (Ёвон) ва “Эсхата” (Хуҷанд) роҳ ёфтанд. Бозии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми кишвар миёни “Саройкамар” ва “Панҷшер” бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи бозингарони ноҳияи Панҷ анҷом ёфт. Вале “Саройкамар” дар иваз кардани бозингарон қоидаро риоя накарда, чор имконияти иваз кардани футболбозонро дар вақти бозӣ истифода бурд (тибқи қоида дар вақти бозӣ се бозингарро иваз кардан мумкин аст). Ин масъала дар ҷаласаи навбатии кумитаи назоратӣ-интизомии Федератсияи футболи Тоҷикистон баррасӣ хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки имсол формати бозиҳои Ҷоми Тоҷикистон тағйир ёфт. Агар солҳои гузашта дастаҳо дар ҳар марҳила ду бозӣ анҷом медоданд, имсол он аз як бозӣ иборат аст. Мизбони бозӣ дар натиҷаи қуръакашӣ муайян мегардад.

Ҷоми Тоҷикистон-2020
Марҳилаи муқаддамотӣ

«Саройкамар (Панҷ) – «Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ) – 2:1
«Равшан (Кӯлоб) – «Ҳулбук» (Восеъ) – 3:2
«Равшан» (Зафаробод) – «Шоҳмансур» (Душанбе) – 6:1
«Ваҳдат» (Ваҳдат) – «Барқчӣ» (Ҳисор) – 2:2. Пеналти – 0:3
«Ҳосилот» (Фархор) – «Моҳир» (Ёвон) – 1:4
«Исфара» (Исфара) – «Эсхата» (Хуҷанд) – 1:5