Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Рӯзи олимпӣ: собиқадорон ва варзишгарон қадрдонӣ шуданд

23.06.2020

: 1244

Имрӯз, 23 июн, ба ифтихори Рӯзи олимпӣ як қатор собиқадорони соҳаи варзиш ва варзишгарони маъруфи кишвар аз ҷониби Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.

Дар маросими туҳфасупорӣ раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Раҳмонзода Абдулло ва котиби генералии Кумитаи миллии олимпӣ Абдуллозода Муҳаммадшо ширкат ва ҳозиринро таҳният гуфтанд.
Қайд гардид, ки дар ҷумҳурӣ варзиш яке аз соҳаҳои афзалиятнок ба шумор рафта, хусусан Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба варзишу варзишгарон таваҷҷуҳи махсус доранд. Маҳз бо ҳидояту дастгирии Пешвои миллат ҳар сол чорабиниҳои Дави миллӣ, мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис миёни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон ва Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба ҷудо дар сатҳи баланд баргузор мешаванд. Соли 2015 бошад, Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ таъсис ёфт ва то имрӯз 165 варзишгар ва мураббиёнашон сазовори ин ҷоиза гардидаанд.
Бо қаноатмандӣ зикр шуд, ки варзишгарони мо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок карда, ба натиҷаҳои назаррас ноил мегарданд. Аз ҷумла 4 варзишгари мо соҳиби медали олимпӣ шудаанд. Дилшод Назаров соли 2016 соҳиби медали тилло, Юсуф Абдусаломов соли 2008 соҳиби медали нуқра, Расул Боқиев соли 2008 ва Мавзуна Чориева соли 2012 сазовори медалҳои биринҷии Бозиҳои олимпӣ гардидаанд.
Таъкид шуд, ки Рӯзи олимпӣ ҳар сол дар ҷумҳурӣ бо баргузории чорабиниҳои гуногуни варзишӣ, семинару конфронс ва суҳбату мулоқотҳо таҷлил мешуд, вале имсол бо сабаби пандемияи COVID-19 ва қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ ва паҳншавии коронавирус аз доир кардани чорабиниҳои тантанавӣ даст кашидем. Умуман, ин беморӣ ба соҳаи варзиши ҷаҳон таъсисри манфӣ расонд ва Бозиҳои олимпии Токио аз соли 2020 ба соли 2021 гузаронида шуд.
Изҳори умед карда шуд, ки ҷомеи ҷаҳон дар наздиктарин фурсат бар ин беморӣ пирӯз мегардад ва варзишгарон ба тамрин машғул шуда, барои ба даст овардани роҳхати Бозиҳои олимпӣ талош мекунанд. Ба онҳо барои ноил шудан ба ин ҳадафашон муваффақият таманно карда шуд.
Сипас, ба 50 нафар собиқадорони соҳа ва варзишгарони маъруфи кишвар туҳфаҳои хотиравии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон тақдим гардид.