Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар Хуррамзамини Данғара

Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар Хуррамзамини Данғара Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар Хуррамзамини Данғара

29.05.2020

: 237

29 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Хуррамзамини деҳоти Исмат Шарифи ноҳияи Данғара, аз ҷумла майдончаи варзишии универсалиро ба истифода доданд.

Майдончаи варзишии универсалӣ дар масоҳати 800 метри мураббаъ сохта ва барои бозиҳои футболи хурд ва баскетбол нигаронида шудааст. Атрофи майдонча чароғон карда шуда, имкони шабона машғул гардидан ба намудҳои гуногуни варзиш низ мавҷуд аст.
Иншоот имкон медиҳад, ки ҷавонон ва дигар сокинони деҳаи Хуррамзамин бештар ба варзиш машғул шаванд ва бо истифода аз чунин имконияти барояшон фароҳамгардида, саҳми худро дар рушди варзиш гузоранд.
То ин ҷониб дар деҳаи Хуррамзамини ҷамоати Исмат Шарифи ноҳияи Данғара чунин майдончаи варзишии дорои шароити замонавӣ мавҷуд набуд ва иншооти мазкур бо дастгирӣ аз сиёсати варзишпарваронаи Президенти мамлакат бо мақсади ҷалби ҷавонону наврасон ба тарзи ҳаёти солим ва рушди инфрасохтори варзиш дар деҳот аз тарафи соҳибкорони бонангу номуси Ватан дар муҳлати муайяншуда сохта шуд.
Пешвои миллат ба масъулин дастур доданд, ки дар оянда низ чунин тадбирҳоро бештар анҷом дода, шароити муосири ба варзиш машғул шудани ҷавонони маҳаллиро таъмин намоянд.