Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Мудирияти ташкилотҳои варзишӣ. Семинари омӯзишӣ дар Хоруғ

Мудирияти ташкилотҳои варзишӣ. Семинари омӯзишӣ дар Хоруғ Мудирияти ташкилотҳои варзишӣ. Семинари омӯзишӣ дар Хоруғ

27.04.2020

: 1260

22-24 апрел даври ҷамъбастии семинари омӯзишӣ дар доираи Барномаи “Ташаббуси КМО оид ба мудирият”-и Ҳамбастагии олимпӣ дар шаҳри Хоруғ доир шуд.

Дар семинар, ки бо иқдоми Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт, беш аз 15 нафар масъулони мактабҳои варзишии вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон ширкат карданд.
Масъулони Кумитаи миллии олимпӣ ба иштирокчиён дар мавзуъҳои гуногун, мисли тартиби баргузории мусобиқаҳо дар асоси Дастурамал оид ба марҳила ба марҳила баргузор намудани чорабиниҳои варзишӣ, таҳия кардани тақвими чорабиниҳои варзишӣ, вазифа ва сохтори Кумитаи байналмилалии олимпӣ, системаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпӣ, намудҳои олимпии варзиш, ҳаракати олимпии ҷаҳон ва Тоҷикистон, масъалаҳои допинг ва оқибати нанговари истифодаи он маърӯза хонданд.
Зимни ироаи маърӯзаҳо, аз ҷумла қайд гардид, ки бо роҳбарии Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзиш ва ҳаракати олимпӣ дар кишвар сол то сол рушд мекунад. Мақоми ваколатдори давлатии соҳаи варзиш ҷиҳати ба низом даровардани соҳа санадҳои меъёрию ҳуқуқиро омода ва ба тасвиб расонидааст, ки яке аз онҳо дастурамал оид ба марҳила ба марҳила баргузор намудани чорабиниҳои варзишӣ мебошад. Дастурамал роҳнамо барои ташкил ва баргузор намудани мусобиқаҳои расмӣ дар ҷумҳурӣ аст. Дар асоси он тамоми мусобиқаву чемпионатҳо дар се марҳила – шаҳр/ноҳия, минтақа/вилоят ва ҷумҳурӣ – доир мегарданд ва барои дарёфти чеҳраҳои нав ва варзишгарони болаёқат мусоидат мекунад.
Иштирокчиён ба масъалаҳои допинг бештар мароқ зоҳир намуданд. Аз ҷониби мутахассисони Кумитаи миллии олимпӣ ба ширкаткунандагони семинар тарзи супоридани намуна барои ташхис, бандҳои Кодекси ҷаҳонии зидди допинг, ҷазоҳо дар робита ба вайрон кардани қоидаҳои зидди допинг ҳам барои варзишгарон, ҳам барои мураббиёну масъулони соҳа фаҳмонида шуд.
Бо ҳамин, семинарҳои омӯзишӣ дар доираи Барномаи “Ташаббуси КМО оид ба мудирият”-и Ҳамбастагии олимпӣ ба анҷом расид. Қаблан семинарҳо дар шаҳрҳои Кӯлоб, Душанбе ва Хуҷанд низ доир гардида буд. Умуман, дар доираи барнома беш аз 115 нафар масъулони мактабҳои варзишӣ ба омӯзиш фаро гирифта шуда, доир ба масъалаҳои соҳаи варзиш ихтисосашонро такмил доданд.