Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ҷалби ҷавонон ба варзиш дар доираи лоиҳаи “Варзиш барои ҳама”

17.04.2020

: 978

Ҷиҳати иҷрои супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмашон ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 26 декабри соли 2019 бобати рушди намудҳои гуногуни варзиш Кумитаи миллии олимпӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти ваколатдори давлатӣ лоиҳаи “Варзиш барои ҳама”-ро роҳандозӣ намуд.
Дар доираи лоиҳа мусобиқаҳо оид ба шоҳмот (писарону духтарон), варзиши сабук (дав ба масофаҳои 100 метр миёни духтарон, 800 метр миёни писарон) ва гуштини миллӣ (писарон) миёни ҷавонони соли таваллудашон 2000-2001 ба нақша гирифта шуд. Мусобиқаҳо аввал миёни ҷавонони маҳаллаҳои шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Ваҳдат ва Ҳисор баргузор гардиданд. Зимни баргузории мусобиқаҳо мутахассисон ба иштирокчиён мастер-класҳо гузаронида, ба иштирокчиён қоидаю меъёрҳои намудҳои варзиши зикршударо омӯзонданд.
Дастаҳои маҳаллаҳо дар сатҳи шаҳрҳо байни ҳам рақобат намуданд ва ғолибон ба марҳилаи ниҳоӣ роҳхат гирифтанд.
Марҳилаи ниҳоии мусобиқаҳо 21 апрел дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Ғолибони мусобиқаҳо оид ба шоҳмот, варзиши сабук ва гуштини миллӣ аз ҷониби Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо диплом, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз мегарданд.
Лоиҳаи “Варзиш барои ҳама” дар доираи Барномаи “Варзиш барои рушди иҷтимоӣ”-и Ҳамбастагии олимпӣ бори аввал дар ҷумҳурӣ амалӣ мешавад, ки зиёда аз 5000 ҷавони шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Ваҳдат ва Ҳисор фаро гирифта мешаванд.
Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ дар пайравӣ аз сиёсати варзишпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри оммавӣ гардидани варзиш, солимии ҷомеа, рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди Ҳаракати олимпӣ ва намудҳои миллии варзиш чораҳои амалиро роҳандозӣ менамояд.