Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Варзишгарони тоҷик тамринҳояшонро идома медиҳанд

Варзишгарони тоҷик тамринҳояшонро идома медиҳанд Варзишгарони тоҷик тамринҳояшонро идома медиҳанд Варзишгарони тоҷик тамринҳояшонро идома медиҳанд Варзишгарони тоҷик тамринҳояшонро идома медиҳанд Варзишгарони тоҷик тамринҳояшонро идома медиҳанд

15.04.2020

: 1008

Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 доир шуд.

Дар ҷаласа раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, чемпиони Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро-2016 Дилшод Назаров, котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Муҳаммадшо, намояндагони федератсияҳои варзишӣ, мураббиён ва варзишгарон – аъзои дастаҳои мунтахаб ширкат карданд.
Раҳмонзода Абдулло зимни суханронӣ, аз ҷумла ёдовар шуд, ки Бозиҳои олимпии Токио бо сабаби авҷ гирифтани вируси COVID-19 дар ҷаҳон ба соли 2021 гузаронида шуд, ҳамчунин бисёр мусобиқаҳо, аз ҷумла мусобиқаҳои интихобии олимпӣ ба вақти номаълум мавқуф гузошта ё лағв шуданд. Таъкид шуд, ки варзишгарони мо набояд фориғбол бошанд, балки машғулиятҳои ҳаррӯзаашонро ҷиҳати омодагӣ ба мусобиқаҳои байналмилалӣ идома диҳанд. Дар ин робита пешниҳод шуд, ки барои дастаҳои мунтахаб дар дохили кишвар пайваста машқҳои дастаҷамъӣ ташкил карда шавад.
Дар идома қайд гардид, ки мактабҳо ва толорҳои варзишӣ чораҳои пешгирӣ аз вируси COVID-19-ро ҳар рӯз ба роҳ монанд ва корҳои фаҳмондадиҳиро миёни дастпарварон пайваста гузаронанд.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба ду нафар варзишгар – Баҳодур Усмонов ва Шаббос Негматуллоев, ки роҳхат ба Бозиҳои олимпиро ба даст овардаанд, изҳори сипос намуд. Таъкид шуд, ки Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ варзишгарон ва мураббиёни онҳоро бо мукофоти пулӣ қадрдонӣ кард ва ин варзишгарон ва дигар варзишгароне, ки дар оянда соҳиби роҳхати олимпӣ мешаванд, ҳатман қадрдонӣ мегарданд.
Дар ҷаласа масъалаҳои дигари омодагии варзишгарон баррасӣ шуд.