Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Либоси ягонаи тими олимпии Тоҷикистон чӣ гуна хоҳад буд?

Либоси ягонаи тими олимпии Тоҷикистон чӣ гуна хоҳад буд? Либоси ягонаи тими олимпии Тоҷикистон чӣ гуна хоҳад буд? Либоси ягонаи тими олимпии Тоҷикистон чӣ гуна хоҳад буд?

03.04.2020

: 1663

3 апрел дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон либоси ягонаи варзишии тими олимпии Тоҷикистон дар 32-юм Бозиҳои Олимпиада дар Токио муаррифӣ шуд.

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистонро ширкати ватании “Iamdifferent” бо маҷмуи либоси варзишӣ таъмин менамояд.
Котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Муҳаммадшо иброз намуд, ки Кумита бо ширкати “Iamdifferent” таҷрибаи корӣ дорад. Ин ширкат соли 2016 дастаи мунтахаби олимпии кишварро бо либоси варзишӣ таъмин намуда буд ва имсол низ ташаббус ба даст гирифт, ки тими олимпии Тоҷикистонро дар масъалаи либос ва лавозимоти варзишӣ сарпарастӣ намояд, ки изҳори сипос менамоем.
Зимни муаррифӣ иттилоъ дода шуд, ки маҷмӯи либоси варзишии тими олимпии кишвар аз се маҷмӯъ иборат аст ва 22 номгӯро дар бар мегирад.
Ба маҷмуи асосӣ ду намуд либоси варзишӣ (спортивка), ду намуд футболка, либоси зимистона (куртка) ва ҷузвдон барои тамрин дохил мешаванд, ки бо орнаментҳои миллӣ ороиш дода шудаанд.
Маҷмӯи дуюм аз либосҳои иловагӣ иборат аст. Либоси варзишӣ (спортивака) барои тамрин ду намуд, бодгир (ветровка), футболкаҳо бо истифодаи орнаментҳо ва бе истифодаи он.
Ба маҷмӯи сеюм таҷҳизот ворид аст, ки аз ҷузвдон-рюкзак, ду намуд кулоҳи варзишӣ, кулоҳ (шапка), соат ва шарф таркиб ёфтааст.
Қарор қабул шуд, ки маҷмӯи либоси варзишии дастаи мунтахаби олимпӣ бо иловаи пешниҳодҳои аъзои Кумитаи иҷроия омода ва барои тасдиқ ба ҷаласаи Ассамблеяи генералӣ пешниҳод карда шавад.
Қайд гардид, ки барои ҳайати тими олимпии кишвар, ҳамчунин либоси расмӣ ҷиҳати гузаштани парад омода карда мешавад.