19.03.2020
: 1545
Дар шаҳри Гулистон мусобиқаи байнимавсимӣ барои дарёфти Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон бо иштироки дастаҳои лигаи олӣ ба анҷом расид.
Дар бозии ниҳоӣ мисли соли гузашта дастаҳои “Истаравшан” ва КМВА бо ҳам вохурданд. Агар соли 2019 ҷом насиби футболбозони артиш шуда буд, ин навбат дастаи “Истаравшан” ғалаба кард – 2:1. Дар ҳайати дастаи Алиёр Ашурмамадов голҳоро Зуфар Акбаралиев ва Илҳомҷон Баротов заданд.
Медалҳои биринҷии мусобиқа насиби футболбозони дастаи “Душанбе-83” шуд, ки дар бозӣ барои ҷои сеюм тими “Куктош”-ро бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард. Ғалабаи дастаи пойтахт тавассути зарбаҳои нишонраси Далер Имомназаров ва Колинс Адуҳан ба даст омад.
Мусобиқаи Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2020 аз 10 то 18 март дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд, бо мақсади омодагии дастаҳои лигаи олӣ ба мавсими нав, баргузор шуд. Дар мусобиқа ҳамаи 10 дастаи лигаи олӣ ширкат карданд.
Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2020
Гурӯҳи «А»
1-ум давр
«Душанбе-83» – «Куктош» – 0:1
«Хатлон» – «Регар-ТадАЗ» – 2:1
2-юм давр
«Куктош» – «Регар-ТадАЗ» – 3:2
«Душанбе-83» – «Хатлон» – 1:0
3-юм давр
«Регар-ТадАЗ» – «Душанбе-83» – 0:1
«Хатлон» – «Куктош» – 2:5
Б | Ғ | М | Б | Т | Х | ||
1 | "Куктош" | 3 | 3 | 0 | 0 | 9-4 | 9 |
2 | "Душанбе-83" | 3 | 2 | 0 | 1 | 2-1 | 6 |
3 | "Хатлон" | 3 | 1 | 0 | 2 | 4-7 | 3 |
4 | "Регар-ТадАЗ" | 3 | 0 | 0 | 3 | 3-6 | 0 |
Б | Ғ | М | Б | Т | Х | ||
1 | "Истаравшан" | 2 | 2 | 0 | 0 | 12-0 | 6 |
2 | "Файзканд" | 2 | 1 | 0 | 1 | 9-5 | 3 |
3 | "Истиқлол" | 2 | 0 | 0 | 2 | 3-19 | 0 |
Б | Ғ | М | Б | Т | Х | ||
1 | КМВА | 2 | 2 | 0 | 0 | 7-0 | 6 |
2 | "Локомотив-Помир" | 2 | 1 | 0 | 1 | 1-1 | 3 |
3 | "Хуҷанд" | 2 | 0 | 0 | 2 | 0-7 | 0 |