Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Баҳодуру Шаббос бо роҳхати олимпӣ ба Ватан баргаштанд

14.03.2020

: 1343

Варзишгарони маъруфи кишвар Баҳодур Усмонов ва Шаббос Негматуллоевро, ки субҳи 14 март аз Урдун ба Ватан баргаштанд, масъулони соҳаи варзиш, пайвандон ва ҳаводорон сазовор пешвоз гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи интихобии олимпии бокс дар қораи Осиё/Уқёнус, ки аз 3 то 11 март дар шаҳри Аммони Урдун доир шуд, Баҳодур дар вазни -63кг ва Шаббос Негматуллоев дар вазни -81кг миёни варзишгарони Тоҷикистон аввалин роҳхатҳоро ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 ба даст оварданд.
Дар мусобиқа дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 12 варзишгар сафарбар гардида буданд.



Баҳодур Усмонов 21 декабри соли 1997 дар ноҳияи Варзоб таваллуд шудааст. Бародараш варзишгар буд – дар намуди бокс. Баҳодур аз пайи бародараш рафт. Аз 11-солагӣ ба тамрин машғул шуд. Аз соли 2016 зери роҳнамоии мураббии маъруф Мирзо Шамсиев тамрин мекунад.
Аз соли 2011 дар мусобиқаҳо ширкат мекунад. Чемпиони Осиё миёни калонсолон (2019), чемпиони чандкаратаи Тоҷикистон миёни наврасону ҷавонон ва калонсолон, барандаи медали нуқраи Чемпионати Осиё миёни ҷавонон (2013), ғолиб ва ҷоизадори чандин мусобиқаҳои байналмилалӣ мебошад.
Аз дастгирии молиявии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон барои омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 бархурдор аст.



Шаббос Негматуллоев 21-уми сентябри соли 1997 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Дар оилаи варзишгар. Падараш Аббос Негматуллоев ба бокс машғул буд ва мураббигӣ мекард. Шаббоси наврас ҳамроҳи падараш ба толори варзишӣ мерафт ва албатта, машқу тамрини ҷавононро тамошо менамуд. Баъдан ба намудҳои гуногуни варзиш машғул шуд, мисли варзиши сабук, акробатика, шиноварӣ. Вале бокс ба дилаш нишаст. Ҳамин тариқ, аз 12-солагӣ зери роҳнамоии падараш Аббос Негматуллоев ҷиддӣ ба тамрин машғул шуд ва ба дастовардҳо ноил гашт.
Чемпиони бисёркаратаи Тоҷикистон оид ба бокс миёни наврасон, ҷавонон ва калонсолон мебошад. Медалҳои нуқраву биринҷии Чемпионати Осиё миёни ҷавононро сазовор шудааст. Чемпиони Осиё миёни донишҷӯён, барандаи медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон, чемпиони ҷаҳон миёни донишҷӯён, ҳамчунин ғолиби бисёр мусобиқаҳои байналмилалӣ мебошад.
Аз дастгирии молиявии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон барои омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 бархурдор аст.