08.03.2020
: 1025
7 март қувваозмоиҳои даврҳои муқаддамотии мусобиқаи интихобии олимпии Осиё/Уқёнус дар шаҳри Аммони шоҳигарии Урдун анҷом ёфт.
Варзишгарбонуи тоҷик Сумайя Қосимова дар вазни -51кг бар Реим Ал-Мриҳел аз Урдун бо ҳисоби 5:0 ғалаба карда, ба чорякфинал роҳ ёфт. Имрӯз ҳамчунин дар вазни -57кг миёни мардон Бахтовар Сагизов дар даври дуюм бо Синг Йу Тсо аз Ҳонгконг рӯ ба рӯ шуд, вале муҳорибаро бохт.
Ҳамин тариқ, чор варзишгари мо дар чорякфинал қувваозмоиро идома медиҳанд. Ба ғайр аз Сумайя Қосимова, ки 9 март дар чорякфинал бо варзишгари Чин Йуан Чанг вомехӯрад, Баҳодур Усмонов дар вазни 63кг бо Обада Алкасбаи урудунӣ, Шаббос Негматуллоев бо Бекзод Нурдавлатов аз Қазоқистон, Давлат Болтаев бо варзишгари дигари Қазоқистон Василий Левит нерӯ месанҷанд.