Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

“Хуҷанд” ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2020 роҳ ёфт

“Хуҷанд” ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2020 роҳ ёфт “Хуҷанд” ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2020 роҳ ёфт “Хуҷанд” ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2020 роҳ ёфт “Хуҷанд” ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2020 роҳ ёфт “Хуҷанд” ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2020 роҳ ёфт

27.02.2020

: 160

Барандаи медалҳои нуқраи Чемпионати Тоҷикистон, клуби футболи “Хуҷанд” дар бозии ҷавобии даври плей-оффи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020 барандаи Ҷоми Қирғизистон, дастаи “Нефтчӣ”-и Қочқор-Атинро шикаст дода (3:0), ба марҳилаи гурӯҳӣ роҳ ёфт.

Капитани тими “Хуҷанд” Дилшод Бозоров, ки 3 гол зад, қаҳрамони бозӣ гардид. Дилшод дар дақиқаҳои 33, 107, 117 се маротиба тӯбро вориди дарвозаи ҳариф намуд.
Ҳамин тариқ, пас аз натиҷагирии ду бозӣ “Хуҷанд” бо ҳисоби 3:1 бар дастаи “Нефтчӣ” пирӯз шуд ва маротибаи дуюм имкон пайдо кард, ки дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2020 бозӣ кунад. Дар гурӯҳи “D”, минтақаи Осиёи Марказӣ “Хуҷанд” бо дастаҳои “Истиқлол” (Тоҷикистон), “Олтин Асир” (Туркманистон) ва “Дордой” (Қирғизистон) бозӣ мекунанд.
Дар даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2020 11-уми март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе ду дастаи Тоҷикистон – “Истиқлол” ва “Хуҷанд” вориди майдон мешаванд.

Ҷоми КФО-2020

Минтақаи марказӣ

Плей-офф. Бозии ҷавобӣ

«ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – «Нефтчӣ» (Қирғизистон) – 3:0
Голҳо: Дилшод Бозоров, 33 (1:0), 107 (2:0), 117 (3:0).

«Хуҷанд» (Тоҷикистон): Маъмур Икромов, Сироҷ Ҳамроев, Фирдавс Чақалов (Манучеҳр Ахмедов, 114), Алишер Баротов (Манучеҳр Сафаров, 83), Ойбек Абдуғаффоров, Бахтиёр Чориев (Комрон Мирзонаҷод, 77), Абдулмуъмин Забиров, Санҷар Рихсибоев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Андрей Сидоров (Амирҷон Сафаров, 120), Дилшод Бозоров.

Огоҳӣ: Абдулмуъмин Забиров, Фатҳулло Фатҳуллоев («Хуҷанд»), Азамат Омуралиев, Кайрат Изаков, Александр Игнатенко («Нефтчӣ»).

Беҳтарин бозингар: Дилшод Бозоров («Хуҷанд»).

Довари марказ: Аҳмад Файсал Ал-Алӣ (Урдун).

Нозири доварон: Окада Масайошӣ (Ҷопон).

Комиссари бозӣ: Аҳмад Тиллаев (Узбекистон).

26 феврал. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ. 5200 мухлис.

Бозии аввал – 0:1.

Гурӯҳи «D»

1-ум давр
11 март (чоршанбе)

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН)
«Дордой» (Қирғизистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон)

2-юм давр
15 апрел (чоршанбе)

«ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – «Дордой» (Қирғизистон)
«Олтин Асир» (Туркманистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)

3-юм давр
29 апрел (чоршанбе)

«ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – «Олтин Асир» (Туркманистон)
«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Дордой» (Қирғизистон)

4-ум давр
13 май (чоршанбе)

«Олтин Асир» (Туркманистон) – «ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН)
«Дордой» (Қирғизистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)

5-ум давр
27 май (чоршанбе)

«ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)
«Олтин Асир» (Туркманистон) – «Дордой» (Қирғизистон)

6-ум давр
17 июн (чоршанбе)

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Олтин Асир» (Туркманистон)
«Дордой» (Қирғизистон) – «ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН)