Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

5-ум Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мешавад

26.02.2020

: 65

Бо мақсади таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги миллӣ, рушди намудҳои миллии варзиш, ҳамзамон таъмини солимии миллат бо иқдоми Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи футболи Тоҷикистон ва мақомоти дахлдор Фестивали бозиҳои миллии варзиш баргузор мегардад.

Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ аз соли 2016 дар се марҳила доир мешавад. Ба барномаи фестивал 2 намуди бозиҳо ворид аст: намудҳои расмӣ, ки аз рӯи онҳо мусобиқаҳо баргузор мешавад ва бозиҳои намоишӣ.

Намудҳои варзиши миллӣ, ки аз рӯи онҳо мусобиқаҳои даставӣ баргузор карда мешавад:
1. Гуштингирӣ ё гуштини миллии суннатӣ;
2. Чавгонбозӣ;
3. Шиноварӣ;
4. Вазнбардорӣ (сангбардорӣ);
5. Дастхобонӣ;
6. Пойга (варзиши сабук, давидан ба масофаҳои 200, 400, 800 метр);
7. Шоҳмот;
8. Бандкашӣ.

Намудҳои варзиши миллӣ, ки дар оғози Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ ба намоиш гузошта мешаванд:
1. Хурусҷанг;
2. Чиликдангал;
3. Ланкабозӣ;
4. Биҷилбозӣ;
5. Камонварӣ;
6. Шамшерзанӣ;
7. Камолғулак;
8. Фалағмолпартоӣ;
9. Ҳойталак;
10. Бандпарак.

Марҳилаи аввали Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ дар сатҳи ноҳия ва шаҳрҳо моҳи март бахшида ба иди Наврӯз, марҳилаи дуюм дар сатҳи минтақа ва вилоятҳо моҳи май бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор карда мешаванд. Марҳилаи сеюм ва ҷамъбастии фестивал моҳи сентябр бахшида ба Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе доир мегардад.