Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Гуштингирони тоҷик дар Чемпионати Осиё ширкат мекунанд

18.02.2020

: 142

Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон оид ба гуштини озод ва юнонӣ-римӣ дар Чемпионати Осиё, ки 18-24 дар Деҳлии Ҳиндустон баргузор мешавад, ширкат мекунанд.

Дар чемпионат аз рӯи се равия – гуштини тарзи озод, гуштини юнонӣ-римӣ ва гуштини бонувон – 275 варзишгар аз 24 давлати қора иштирок хоҳанд кард. Ҷумҳурии моро дар мусобиқа 15 варзишгар – ҳафтнафарӣ аз рӯи равияҳои гуштини тарзи озод ва юнонӣ-римӣ, як нафар дар гуштини бонувон намояндагӣ мекунанд:

Гуштини юнонӣ-римӣ
1. Фирӯз Мирзораҷабов (60кг)
2. Мубинҷон Ахмедов (63кг)
3. Зайниддин Қамаров (67кг)
4. Лоиқ Амирхонзода (72кг)
5. Муслиҳиддин Уроқов (77кг)
6. Суҳроб Абдулҳаев (87кг)
7. Мирзоамин Сафаров (97кг)

Сармураббӣ – Фаррух Беков

Гуштини озод
1. Ҳикматулло Воҳидов (57кг)
2. Муҳаммад Икромов (61кг)
3. Ҷамшед Шарифов (65кг)
4. Ғуломҷон Шарифов (74кг)
5. Баҳодур Қодиров (86кг)
6. Искандари Рустам (97кг)
7. Фарҳод Анақулов (125)

Сармураббӣ – Абдурозиқ Олимов

Гуштини бонувон
1. Ватансултон Шакаршоева (53кг)

Чемпионати Осиё имрӯз – 18 феврал бо қувваозмоиҳо дар равияи гуштини юнонӣ-римӣ оғоз мегардад. Дар рӯзи аввал беҳтаринҳои категорияҳои вазнии 55кг, 63кг, 77кг, 87кг, 130кг муайян мегарданд. Фардо – 19 феврал варзишгарони вазнашон 60кг, 67кг, 72кг, 82кг, 97кг рӯи гилем мебароянд.
20-21 феврал қувваозмоиҳои гуштини бонувон доир мегардад. Бонувони гуштингир нахуст дар вазнҳои 50, 55, 59, 68, 76 кг ва сипас дар вазнҳои 53, 57, 62, 65, 72 кг барои ҷоизаҳо талош хоҳанд кард.
Ду рӯзи охир варзишгарон дар равияи гуштини озод нерӯ месанҷанд. Ғолибону ҷоизадорон 22 феврал дар вазнҳои 57, 65, 70, 79, 97 кг, 23 феврал дар вазнҳои 61, 74, 86, 92, 125 кг маълум хоҳанд шуд.