Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Дар плей-оффи Ҷоми КФО-2020 “Хуҷанд” бо “Нефтчӣ” бозӣ мекунад

07.02.2020

: 118

Ҳарифи дастаи футболи “Хуҷанд” дар даври плей-оффи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020 маълум шуд.

Ноиб-чемпиони Тоҷикистон дар ин давр бо ғолиби Ҷоми Қирғизистон – тими “Нефтчӣ”-и Қочқор-Ата (Қирғизистон) бозӣ мекунад. Барои ҳозир нашудан ба бозии марҳилаи аввали Ҷоми КФО-2020 муқобили “Нефтчӣ”, ки бояд 5 феврал дар Ҷалолобод доир мегашт, тибқи низомномаи мусобиқа дастаи “Аҳал”-и Туркманистон аз мусобиқа берун карда шуд.
Ҳамин тариқ, дар даври плей-оффи Ҷоми КФО-2020 барои баромадан ба марҳилаи гурӯҳӣ “Нефтчӣ” (Қирғизистон) ва “Хуҷанд” (Тоҷикистон) талош мекунанд. Бозии аввали дастаҳо 19 феврал дар Ҷалолобод, бозии ҷавобӣ 26 феврал дар Душанбе баргузор мешавад.
Дар сурати пирӯзӣ дастаи “Хуҷанд” ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2020 роҳ меёбад ва дар гурӯҳи “D” бо дастаҳои “Истиқлол” (Тоҷикистон), “Олтин Асир” (Туркманистон) ва “Дордой” (Қирғизистон) бозӣ мекунад.

Ҷоми КФО-2020
Минтақаи Осиёи Марказӣ
Плей-офф. Бозии аввал
19 феврал (чоршанбе)
«Нефтчӣ» (Қирғизистон) – «ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН)

Плей-офф. Бозии ҷавобӣ
26 феврал (чоршанбе)
Оғоз – 16:00
«ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – «Нефтчӣ» (Қирғизистон)
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ