Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Натиҷаи бозиҳои тими футзали кишвар дар Тайланд

Натиҷаи бозиҳои тими футзали кишвар дар Тайланд Натиҷаи бозиҳои тими футзали кишвар дар Тайланд Натиҷаи бозиҳои тими футзали кишвар дар Тайланд

07.02.2020

: 61

Дар даври ҷамъбастии мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футзал (SAT International Futsal Championship 2020), ки дар Тайланд ҷараён дорад, мунтахаби Тоҷикистон бар дастаи Малайзия бо ҳисоби 4:0 ғалаба кард.

3 голро Умед Кузиев, як голи дигарро Иқбол Воситзода ба номашон сабт карданд.
Дар се даври қаблии «SAT International Futsal Championship 2020» шогирдони мутахассиси гурҷӣ Александр Дзабирадзе аз дастаҳои мунтахаби Эрон (2:3), дастаи дуюми Тайланд (2:4) ва дастаи якуми Тайланд (0:2) мағлуб гардида буданд.
Ҳамин тариқ, мунтахаби футзали Тоҷикистон бозиҳояшро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Тайланд анҷом дод. 9 феврал футболбозони кишвар ба шаҳри Даммом сафар мекунанд ва бо мунтахабҳои футзали Арабистони Саудӣ (12 феврал) ва Кувейт (13 феврал) ду бозии санҷишӣ анҷом медиҳанд.

Мусобиқаи байналмилалии «SAT International Futsal Championship 2020» дар Тайланд
1-ум давр
ТОҶИКИСТОН – Эрон – 2:3
Голҳои Тоҷикистон: Умед Кузиев, Шавкат Ҳалимов.

Тайланд – Малайзия – 4:3

2-юм давр
Тайланд-2 – ТОҶИКИСТОН – 4:2
Голҳои Тоҷикистон: Рустам Ҳамидов, Файзалӣ Сардоров.

Эрон – Малайзия – 5:0

3-юм давр
ТОҶИКИСТОН – Тайланд – 0:2

Тайланд-2 – Эрон – 5:0

4-ум давр
Малайзия – ТОҶИКИСТОН – 0:4
Голҳо: Умед Кузиев (3 гол), Иқбол Воситзода.

Тайланд – Тайланд-2 – 2:0

 Ҷой   Дастаҳо    Бозӣ    Ғалаба   Мусовӣ   Бохт   Фарқияти 
 тӯбҳо
 Хол 
    1  Тайланд     3        3     0     0     8-3     9
    2  Тайланд-2                  3     2     0     1     9-4     6
    3  Эрон     3     2     0     1     8-7     6
    4  ТОҶИКИСТОН     4     1     0     3     8-9     3
    5  Малайзия     3     0     0     3     3-13     0

5-ум давр
8 феврал (шанбе)
14:30 – Малайзия – Тайланд-2
17:00 – Эрон – Тайланд