Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Идомаи омӯзиши арзишҳои олимпӣ дар муассисаҳои таълимӣ

Идомаи омӯзиши арзишҳои олимпӣ дар муассисаҳои таълимӣ Идомаи омӯзиши арзишҳои олимпӣ дар муассисаҳои таълимӣ Идомаи омӯзиши арзишҳои олимпӣ дар муассисаҳои таълимӣ Идомаи омӯзиши арзишҳои олимпӣ дар муассисаҳои таълимӣ Идомаи омӯзиши арзишҳои олимпӣ дар муассисаҳои таълимӣ

07.02.2020

: 115

Барномаи омӯзиши фарҳанг ва мероси олимпӣ дар ду муассисаи таълимии пойтахт натиҷагирӣ карда шуд.

Тавре қаблан хабар дода будем, бо иқдоми Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Академияи миллии олимпӣ дар 10 муассисаи таълими умумии пойтахт Барномаи омӯзиши фарҳанг ва мероси олимпии Ҳамбастагии олимпӣ татбиқ мешавад. 20 нафар (10 писар, 10 духтар) хонандаи 10 муассисаи таълимии пойтахт, ки аз ҷониби мутахассисони Кумитаи миллии олимпӣ зимни баргузории як семинар омӯзиш диданд, дар муассисаҳои таълимӣ бо баргузор кардани семинарҳои омӯзишӣ, бозиҳои варзишӣ ва шавқовар ҳаракати олимпиро тарғиб мекунанд.  
Барнома дар муассисаҳои таълимии №31 ва №100-и пойтахт натиҷагирӣ карда шуда, ба иштирокчиён сертификати Кумитаи байналмилалии олимпӣ, лавозимоти варзишӣ ва ба директорони муассисаҳо “Сипоснома”-и Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон тақдим карда шуд.