Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЧО-2020 оид ба футзал ба вақти дигар гузаронида шуд

06.02.2020

: 93

Конфедератсияи футболи Осиё дар бораи ба вақти дигар гузаронидани Чемпионати Осиё-2020 оид ба футзал, ки бояд 26 феврал дар Ашқобод (Туркманистон) шуруъ мегардид, қарор қабул кард.

Сабаби гирифтани чунин тасмим дар сатҳи байналмилалӣ авҷ гирифтани бемории вируси корона мебошад. Замони нави баргузории чемпионат эълон нашудааст.
Ёдовар мешавем, ки дар асоси қуръакашӣ мунтахаби футзали Тоҷикистон дар гурӯҳи “А” ҳамроҳ бо дастаҳои Туркманистон, Ветнам ва Уммон бозӣ мекунад.
Дар натиҷаи чемпионат, панҷ дастаи беҳтарин Осиёро дар Чемпионати ҷаҳон оид ба футзал, ки аз 12 сентябр то 4 октябр дар Литва ба нақша гирифта шудааст, намояндагӣ мекунанд.

Чемпионати Осиё-2020 оид ба футзал:

Гурӯҳи «А»: Туркманистон, Ветнам, ТОҶИКИСТОН, Уммон.

Гурӯҳи «B»: Ҷопон, Лубнон, Қирғизистон, Кувейт.

Гурӯҳи «C»: Узбекистон, Баҳрайн, Чин, Индонезия.

Гурӯҳи «D»: Эрон, Тайланд, Кореяи Ҷанубӣ, Арабистони Саудӣ.